Имрӯз, 26-уми августи соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Алоқамандон аз беҳтарин намунаҳои осори адибони классик ва муосири ватаниву хориҷӣ, ки тозагӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти бачагона» ба табъ расидаанд, дидан намуданд.
Дар доираи ҳамоиш муаррифии китоби «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат» доир шуд.