БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

Зодрӯз муборак!
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

Зодрӯз муборак!

Муҳтарам Матлубахон Сатториён! Аҳли қалами маҷаллаи «Фирӯза» Шуморо ба муносибати рӯзи мавлудатон самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти пурмасъули фарҳангиву ҷамъиятӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоянд. Фарҳанг оинаи ҳастии миллат, ҳофизи хотираи таърихӣ ва пайвандгари наслҳост. Рушду ҳифзи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, дастгирии аҳли адабу ҳунар ва муаррифии мероси пурғановати тоҷикон аз самтҳои муҳими ҳаёти фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Дар ин роҳи пуршараф масъулияти роҳбарони соҳа низ басо муҳим аст. Мо, аҳли қалами маҷаллаи «Фирӯза», ба фаъолияти Шумо дар самти таҳкими фазои фарҳангӣ, пуштибонии ташаббусҳои эҷодӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар эҳтиром мегузорем. Бигзор ҳ...
РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ

Истиқлол барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини та...
ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

Тоҷикистон! Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст. Тоҷикистон! Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тулонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст. Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаб...
САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ

Дар арафаи ҷашни муқаддаси Истиқлол шумораи навбатии маҷаллаи "Фирӯза" бо матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расид. Шумораи нави мо ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои миллии кишвар — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Меҳвари шумораро мавзуъҳои Истиқлол ва сулҳу субот ташкил медиҳанд. Дар саҳифаҳои аввали маҷалла масъалаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар шумора ҳамчунин табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба муносибати 35-солагии Истиқлолият ҷой дода шуда, нақши фарҳанг дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъат ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бар...
ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗ

Имрӯз 26-уми август ҳунарманди маъруф, арбоби барҷастаи санъат, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Умарова зодрӯз доранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрику таҳният мегӯяд. Дилбар Умарова аз зумраи чеҳраҳои дурахшон ва беназири санъату фарҳанги муосири мо мебошанд, ки бо ҳунар, услуби хос ва малакаву маҳорати камназир фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки заҳматҳои чандинсолаи Дилбар Умарова дар самти тарғиби фарҳангу санъати тоҷик бо мукофоти баланди давлатӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст. Ба ин дилдодаи санъату ҳунар, офияти комил, умри дароз, осоиш ва илҳоми бепоёни эҷодӣ орзумандем. Бигзор нақшҳои офаридаатон дар театру синамо ҳамеша ...
Шарораи хотираҳо
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

Шарораи хотираҳо

Шоҳсутуни хонадон, гаронмоятарин давлату дороиям. Осоиши рӯзгори рангин, малҳами захми қалби хунинам. Он меҳру муҳаббате, ки бароям арзонӣ додӣ, он ранҷу азоб, шабҳои бехобие, ки баҳри ман кашидӣ ба ягон дороии дунё иваз намекунам. Модарҷон! Замират аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта буду оғӯши гармат равзаи ризвон вақте қалби поку зебоят аз таппиш монд, дунёи равшан бароям торик гардиду замину замон ях баст. Модарҷони дарёдилам! Ман аз кулчаи рӯят сер набудаму, ҳанӯзам мавҷи андеша моро ба умқи гирдоби гирдоби хотиротат мекашад, то аз дарёи меҳру навозишат ташнагӣ шиканам. Имрӯз муҳтоҷ ба панду насиҳат ва дуои покат ҳастам, ки ҳамеша аз баду балоҳои осмон ҳифз менамуду роҳнамоям дар шабу фарози зиндагӣ буд. Гулхандаат дар ёд монд,  Дил пурғаму ношод монд, Ту...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, НИЛУФАР РАҲМОНОВА!
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, НИЛУФАР РАҲМОНОВА!

Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Фирӯза» ҳамкори азизу гиромӣ, корманди масъулиятшинос ва хушсалиқаи маҷалла Нилуфар Раҳмоноваро ба муносибати ҷашни зодрӯзаш самимона табрик менамояд. Нилуфар Раҳмонова аз ҷумлаи ҳамкоронест, ки бо меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати нек ба аҳли эҷод ва муҳаббат ба кори хеш дар муҳити маҷалла ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Ӯ бо табъи зебо, андешаи созанда ва муносибати самимона ба ҳамкорон дар омодасозии маводи маҷалла саҳми арзанда мегузорад. Барои ҳар як маҷалла на танҳо қалами хубу андешаи тоза, балки муҳити созгор ва ҳамкории самимонаи аҳли эҷод муҳим аст. Нилуфар аз он ҳамкоронест, ки бо ҳузури худ ба ин муҳит гармӣ мебахшад ва бо масъулияти баланди касбӣ барои пешрафти кори умумӣ талош мекунад. Дар ин рӯзи фархунда ба Нилуфар Раҳмонова пеш аз ҳама т...
СОҲИБФАЗИЛАТЕ АЗ МУЛКИ ЗАРНИСОР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

СОҲИБФАЗИЛАТЕ АЗ МУЛКИ ЗАРНИСОР

Ҳисори зарнисору ҳамешабаҳор бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғановатманди худ маҳбубу машҳури олам гардидааст. Садоқату рафоқати мардуми он нисбат ба Ватан вирди забонҳо буда, пиру ҷавони ин диёри нозанинро ҳамчун мардумони содиқу вафодор муаррифӣ намудааст. Накуфарзандони Ҳисор бо хиради азалӣ, фаросати воло ва иқдомҳои созанда дар ободиву сарсабзии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда ва мондагор доранд. ИФТИХОРИ ДИЁР  Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки дар ин мулки ҳамешабаҳор шахсиятҳои барӯманд умр ба сар бурдаанд, ки роҳи тайкардаи онҳо барои насли имрӯз ҳамчун мактаби бузурги таҷрибаи зиндагӣ маҳсуб меёбад. Яке аз чунин фарзандони сазовори ин мулки зарнисор шодравон Дӯстмурод Уроқов - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди Донишго...
СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 

Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот маҷаллаи "Фирӯза" бо "Сипоснома"- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Сипосномаро муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар ба сармуҳаррири маҷалла Саидзода Мавҷуда супорид. Ёдовар мешавем, ки тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронид соли 2025 маҷаллаи "Фирӯза" беҳтарин маҷаллаи соли 2025 эътироф гардида буд.
ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН

Хонандагони азизи маҷаллаи “Фирӯза”! Имрӯзҳо шумо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, дар даврони рушди технологияи навини чопӣ, шумораҳои мусаввар ва муҷаллали маҷалларо ба даст гирифта, шояд фикр намекунед, ки он 94 сол қабл чӣ гуна ва дар чӣ шароите чоп мешуд? Ва чӣ роҳҳои пурпечутобро ин маҷалла пушти сар кард? Оё медонед, ки маҷалла 10 сол аз нашр бозмонда буд ва бо шарофати як бонуи дилсӯз чопи он дубора ба роҳ монда шуд...Шумораи нахустини маҷаллаи “Фирӯза” таҳти унвони “Бо роҳи ленинӣ” соли 1932 нашр шудааст. Муҳаррири нахустини маҷалла Ортиқбоева мебошад, ки мутаассифона ҳанӯз дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Маҷалла бо ҳамин унвон то соли 1941, яъне то оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр ме- шуд, вале бо оғози ҷанг, ба далели ҳазф шудани буҷети соҳаи табъу нашр чопи...