Дастовардҳои соҳа

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ оғоз ёфт
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ оғоз ёфт

Дар Душанбе доир ба нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Фестивал бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҳунармандони сирк ва намояндагони мактабҳои гуногуни сирки кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд. Ҳадафи фестивал таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо тавассути санъати сирк мебошад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Иштирок дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону навсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20 августи соли 2026 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ ...
Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»

Ҳунармандони ҷавони сирки Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Аз 10 то 13 сентябри соли 2026 дар Сирки Никулини шаҳри Маскав, воқеъ дар хиёбони Цветной, Фестивали чоруми байналмилалии «Ҳунарманд» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур ҳунаромӯзони студияи сирки назди Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» бо барномаи гимнастикаи ҳавоӣ дар лангар (якор) иштирок намуданд. Рашидбекова Самина ва Салимзода Омина таҳти роҳбарии мураббӣ Мастона Собирова бо маҳорати баланди касбӣ баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ин дастоварди ҳунармандони ҷавон дар арсаи байналмилалӣ нишонаи рушди маҳорати касбии насли наврас ва муаррифгари шоистаи санъати сирки Тоҷикистон мебошад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
АРҶГУЗОРӢ БА АДАБИЁТ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

АРҶГУЗОРӢ БА АДАБИЁТ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм, ҳайкали шоири маъруф ва чеҳраи шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ҳайкал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд. Ҳайкали Меҳмон Бахтӣ ҳамчун ...
Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба р...
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аҳли фарҳангу ҳунар, Аз номи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам, ҳамаи шумо – аҳли фарҳангу санъатро бо фарорасии ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям. Даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳалаи камолот ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ба шумор рафта, боиси сарфарозию ифтихор аст, ки дар ин давра таҳти роҳнамоиву сарварӣ, сиёсати хирадмандонаву созандагӣ ва нерӯи зеҳниву пиндори некбинонаи Асосгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардид. Тӯли солҳои соҳибистиқл...
ГУФТУГӮИ НАСЛҲО: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МУСИҚӢ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ГУФТУГӮИ НАСЛҲО: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МУСИҚӢ

8 сентябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии эҷодӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи наслҳо: дирӯз, имрӯз ва фардои мусиқӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрии эҷодӣ композиторони маъруф Парвиз Туробӣ, Аҳмади Баён ва Алишер Латиф-зода, сарояндагони шинохта ва дар арсаи байналмилалӣ маъруфи тоҷик Махфират Ҳамроқулова ва Тамара Катаева, инчунин пианинонавозони машҳур Валерий Дмитриевич Шкарупа ва Виктор Исаакович Ямполский ба ҳайси меҳмонони фахрӣ иштирок намуда, бо устодону донишҷӯёни Консерватория суҳбати эҷодӣ ва мубодилаи афкор анҷом доданд. Меҳмононро роҳбарияти Консерваторияи миллӣ истиқбол гирифта, дар толори конфронсӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонони ф...
РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ

Истиқлол барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини та...
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ

Истиқлол неъмати бебаҳо аст ва на ҳар халқи сайёраи Замин онро соҳиб мебошад. Ин падидаи муҳим ормони аҷдодии миллати мо буда, барои расидан ба давлатдории навин, соҳибихтиёрии комил ва ваҳдати миллӣ дар тули ҳазорсолаҳо иродаи матин, ҷасорату далерӣ, талошҳои бемисл ва худфидоии фарзонафарзандони миллат зарур омад. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои пайгиронаи оламшумулаш мешиносад ва аҳаммияти онҳоро возеҳ дарк намуда, мепазирад. Ҳамаи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, самараи пурбор дода истодаанд. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳоншумули Роҳбари давлат дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, 25 ...
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд. Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин сол...