НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ
Истиқлоли давлатӣ баҳри ҳар як халқу миллате, ки ба ҳастии имрӯзаву ояндаи худ арҷ мегузорад, кӯшиши баробари замон қадам задан мекунад, давлаташро як ҷузъи ҷудонопазири сайёраи одамизод, тамаддуни муосири башарият медонад, чун обу ҳаво ва мавҷудияти офтоб, ки бидуни он зиндагӣ дар рӯйи замин вуҷуд нахоҳад дошт, зарур мебошад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик вазифадор аст истиқлолияти миллиашро, ки бо шикасту рехти зиёд ба даст омадаву бинобар сиёсати оқилонаву дурандешона, иқдому талошҳои пайдарпаю пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтаву қавӣ гардидааст, мисли гавҳараки чашм, неъмати нодиру бебаҳо, ҳамчун арзиши волову нотакрор ҳифз намояд.
Сарзамини куҳанбунёду таърихии тоҷикон, ки д...










