Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аҳли фарҳанг ва намояндагони соҳаи фарҳанги кишвар «Шоҳҷоиза»-ро, ки ба асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» — эҳдо гардидааст, бо эҳтиром ва шукӯҳи хоса истиқбол гирифтанд.
Ин рӯйдоди муҳим барои фарҳанги миллӣ нишони эътирофи ҷаҳонии арзишҳои волои адабиёту фарҳанги тоҷик ва ҷойгоҳи мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб меёбад.
Истиқболи бошукӯҳи «Шоҳҷоиза» дар пойтахти кишвар бо иштироки аҳли фарҳанг ва дӯстдорони адабиёти классикии тоҷик баргузор гардид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
