Дар арафаи ҷашни муқаддаси Истиқлол шумораи навбатии маҷаллаи «Фирӯза» бо матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расид.
Шумораи нави мо ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои миллии кишвар — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Меҳвари шумораро мавзуъҳои Истиқлол ва сулҳу субот ташкил медиҳанд. Дар саҳифаҳои аввали маҷалла масъалаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар шумора ҳамчунин табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба муносибати 35-солагии Истиқлолият ҷой дода шуда, нақши фарҳанг дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъат ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ мешавад.
Яке аз мавзуъҳои муҳимми шумора — «Нуру шукӯҳи Истиқлол» — ба дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, бунёдкорӣ, рушди маориф, энергетика, фарҳанг ва дигар соҳаҳо бахшида шудааст.
Мавзуи Истиқлол аз дидгоҳи таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар чанд матлаби дигар низ идома меёбад. Аз ҷумла, мақолаи «Истиқлол ва арзишҳои фарҳангии он» Истиқлолро ҳамчун заминаи рушди мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Дар шумора инчунин ба масъалаҳои, нақши занон дар ҷомеа, маориф, забони давлатӣ, китобу адабиёт ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳ шудааст.
Дар маҷмӯъ, шумораи навбатии маҷаллаи «Фирӯза» як навъ сайри маънавию таърихӣ дар фазои Истиқлол, сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
