АСОСӢ

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматр...
Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозив...
Зодрӯз муборак!
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

Зодрӯз муборак!

Муҳтарам Матлубахон Сатториён! Аҳли қалами маҷаллаи «Фирӯза» Шуморо ба муносибати рӯзи мавлудатон самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар фаъолияти пурмасъули фарҳангиву ҷамъиятӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоянд. Фарҳанг оинаи ҳастии миллат, ҳофизи хотираи таърихӣ ва пайвандгари наслҳост. Рушду ҳифзи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ, дастгирии аҳли адабу ҳунар ва муаррифии мероси пурғановати тоҷикон аз самтҳои муҳими ҳаёти фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Дар ин роҳи пуршараф масъулияти роҳбарони соҳа низ басо муҳим аст. Мо, аҳли қалами маҷаллаи «Фирӯза», ба фаъолияти Шумо дар самти таҳкими фазои фарҳангӣ, пуштибонии ташаббусҳои эҷодӣ ва таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар эҳтиром мегузорем. Бигзор ҳ...
«Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо»

17-уми сентябри соли 2026 дар Сирки давлатии Тоҷикистон нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид. Ҳамоиш ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳунармандони кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Россия, Ӯзбекистон ва Чин дар он иштирок доранд. Иштирокчиён бо барномаҳои ҷолиби сиркӣ ҳунари худро муаррифӣ намуда, фестивал ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии миёни халқҳо мусоидат хоҳад кард. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ оғоз ёфт
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ оғоз ёфт

Дар Душанбе доир ба нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Фестивал бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҳунармандони сирк ва намояндагони мактабҳои гуногуни сирки кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд. Ҳадафи фестивал таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо тавассути санъати сирк мебошад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея

17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯ...
Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди...
Вохӯрии вазир бо Бараҳна Масъум
АСОСӢ, Хабарҳо

Вохӯрии вазир бо Бараҳна Масъум

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳайкалтароши маъруфи тоҷиктабор аз Олмон Бараҳна Маъсум, мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти ҳамкориҳои эҷодӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки саҳми ҳунармандони соҳибтаҷриба дар муаррифии фарҳанги тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангии кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Иштирок дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону навсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20 августи соли 2026 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ ...
Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»

Ҳунармандони ҷавони сирки Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Аз 10 то 13 сентябри соли 2026 дар Сирки Никулини шаҳри Маскав, воқеъ дар хиёбони Цветной, Фестивали чоруми байналмилалии «Ҳунарманд» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур ҳунаромӯзони студияи сирки назди Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» бо барномаи гимнастикаи ҳавоӣ дар лангар (якор) иштирок намуданд. Рашидбекова Самина ва Салимзода Омина таҳти роҳбарии мураббӣ Мастона Собирова бо маҳорати баланди касбӣ баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ин дастоварди ҳунармандони ҷавон дар арсаи байналмилалӣ нишонаи рушди маҳорати касбии насли наврас ва муаррифгари шоистаи санъати сирки Тоҷикистон мебошад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...