АСОСӢ

Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот, шоири маъруф, адиби соҳибистеъдод, фарҳангнигор ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикон ва ҳаводорони осори ин адиби маҳбуб ҳамдардии амиқ баён менамояд. Доро Наҷот бо қалами пурқудрат, андешаи баланд ва забони шоиронаи худ дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дошт. Аз баракати қалами ӯ ашъори мондагор, андешаҳои пурмаъно ва осори арзишманди адабӣ ба ёдгор мондаанд, ки ҳар кадом бозгӯи ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси миллӣ ва муҳаббати беандоза ба забону фарҳанги тоҷикӣ мебошанд. Фарҳангнигории Доро Наҷот низ дар рушди забону адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Осори гаронбаҳои ӯ ҳамчун ҷузъи мероси адабии даврони муосир барои наслҳои имрӯ...
АРҶГУЗОРӢ БА АДАБИЁТ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

АРҶГУЗОРӢ БА АДАБИЁТ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм, ҳайкали шоири маъруф ва чеҳраи шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ҳайкал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд. Ҳайкали Меҳмон Бахтӣ ҳамчун ...
Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба р...
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аҳли фарҳангу ҳунар, Аз номи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам, ҳамаи шумо – аҳли фарҳангу санъатро бо фарорасии ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям. Даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳалаи камолот ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ба шумор рафта, боиси сарфарозию ифтихор аст, ки дар ин давра таҳти роҳнамоиву сарварӣ, сиёсати хирадмандонаву созандагӣ ва нерӯи зеҳниву пиндори некбинонаи Асосгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардид. Тӯли солҳои соҳибистиқл...
ГУФТУГӮИ НАСЛҲО: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МУСИҚӢ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ГУФТУГӮИ НАСЛҲО: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МУСИҚӢ

8 сентябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии эҷодӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи наслҳо: дирӯз, имрӯз ва фардои мусиқӣ» баргузор гардид. Дар вохӯрии эҷодӣ композиторони маъруф Парвиз Туробӣ, Аҳмади Баён ва Алишер Латиф-зода, сарояндагони шинохта ва дар арсаи байналмилалӣ маъруфи тоҷик Махфират Ҳамроқулова ва Тамара Катаева, инчунин пианинонавозони машҳур Валерий Дмитриевич Шкарупа ва Виктор Исаакович Ямполский ба ҳайси меҳмонони фахрӣ иштирок намуда, бо устодону донишҷӯёни Консерватория суҳбати эҷодӣ ва мубодилаи афкор анҷом доданд. Меҳмононро роҳбарияти Консерваторияи миллӣ истиқбол гирифта, дар толори конфронсӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонони ф...
Иштирок дар ҷамъомад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷамъомад ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Театри миллӣ

8 сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз - 35-солагии истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки Истиқлол барои ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳу худшинос рамзи олии озодӣ, нишонаи возеҳи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати ориёитабори тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ ва рукни бунёдии давлатдории муосири тоҷикон мебошад. Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хира...
РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ

Истиқлол барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини та...
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ

Истиқлол неъмати бебаҳо аст ва на ҳар халқи сайёраи Замин онро соҳиб мебошад. Ин падидаи муҳим ормони аҷдодии миллати мо буда, барои расидан ба давлатдории навин, соҳибихтиёрии комил ва ваҳдати миллӣ дар тули ҳазорсолаҳо иродаи матин, ҷасорату далерӣ, талошҳои бемисл ва худфидоии фарзонафарзандони миллат зарур омад. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои пайгиронаи оламшумулаш мешиносад ва аҳаммияти онҳоро возеҳ дарк намуда, мепазирад. Ҳамаи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, самараи пурбор дода истодаанд. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳоншумули Роҳбари давлат дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, 25 ...
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд. Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин сол...
НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатӣ баҳри ҳар як халқу миллате, ки ба ҳастии имрӯзаву ояндаи худ арҷ мегузорад, кӯшиши баробари замон қадам задан мекунад, давлаташро як ҷузъи ҷудонопазири сайёраи одамизод, тамаддуни муосири башарият медонад, чун обу ҳаво ва мавҷудияти офтоб, ки бидуни он зиндагӣ дар рӯйи замин вуҷуд нахоҳад дошт, зарур мебошад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик вазифадор аст истиқлолияти миллиашро, ки бо шикасту рехти зиёд ба даст омадаву бинобар сиёсати оқилонаву дурандешона, иқдому талошҳои пайдарпаю пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтаву қавӣ гардидааст, мисли гавҳараки чашм, неъмати нодиру бебаҳо, ҳамчун арзиши волову нотакрор ҳифз намояд. Сарзамини куҳанбунёду таърихии тоҷикон, ки д...