ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
Тоҷикистон!
Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст.
Тоҷикистон!
Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тулонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст. Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаб...










