Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 100-солагии фаъолияти ягона нашрияи ҳаҷвию танқидии кишвар — маҷаллаи «Хорпуштак» конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «100 соли маҷаллаи «Хорпуштак» ва ояндаи ҳаҷви тоҷик» баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар вобаста ба таърихи фаъолият, ҷойгоҳ ва нақши маҷаллаи «Хорпуштак» дар рушди ҳаҷви тоҷик суханронӣ намуда, саҳми он дар инъикоси масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва рушди фарҳанги матбуотиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, журналистон, рассомон, муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони адабиёту матбуот иштирок намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти «Хорпуштак», нақши он дар ташаккули ҳаҷви тоҷик, мактаби ҳаҷвнигорӣ ва таъсири он ба рушди афкори ҷамъиятӣ андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки «Хорпуштак» дар тӯли як аср ҳамчун минбари ҳаҷву танқид масъалаҳои мубрами ҷомеаро бо забони содаву таъсирбахш ба тасвир кашида, дар ташаккули завқи эстетикӣ, андешаи интиқодӣ ва фарҳанги маънавии хонандагон саҳми назаррас гузоштааст.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи анъанаҳои ҳаҷвнигории тоҷик, рушди жанрҳои ҳаҷвӣ дар шароити муосир ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи маҷалла мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
