«Хорпуштак» 100 сола шуд
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати 100-солагии фаъолияти ягона нашрияи ҳаҷвию танқидии кишвар — маҷаллаи «Хорпуштак» конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «100 соли маҷаллаи «Хорпуштак» ва ояндаи ҳаҷви тоҷик» баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар вобаста ба таърихи фаъолият, ҷойгоҳ ва нақши маҷаллаи «Хорпуштак» дар рушди ҳаҷви тоҷик суханронӣ намуда, саҳми он дар инъикоси масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва рушди фарҳанги матбуотиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, журналистон, рассомон, муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони адабиёту матбуот иштирок намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти «Хорпуштак»,...










