«Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо»

17-уми сентябри соли 2026 дар Сирки давлатии Тоҷикистон нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.

Ҳамоиш ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳунармандони кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Россия, Ӯзбекистон ва Чин дар он иштирок доранд.

Иштирокчиён бо барномаҳои ҷолиби сиркӣ ҳунари худро муаррифӣ намуда, фестивал ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстии миёни халқҳо мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *