Тоҷикистон!Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст.
Тоҷикистон!
Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тулонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст. Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаббат, аз неруи бузурги матонату садоқати шаҳрвандонаш сохта мешавад. Ватанро эҳсоси худшиносӣ, пос доштани забон, таърих ва анъанаҳо, ҷасорату фидокории фарзандонаш ба оламу одам ошно мегардонад. Дар Ватан будан, бо ёди Ватан зистан, бо ҳамватан ҳамдилу якҷон будан нишонаҳои хушбахтии инсонҳост.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки нурҳои хуршеди истиқлолаш шоҳроҳи имрӯзу фардои зодагонашро равшан мекунад. Ҳеҷ неъмат беҳ аз Истиқлол нест. Истиқлоле, ки арзандаи шукргузорию ифтихор аст. Давлати соҳибистиқлол доштан ормони волои ҳар қавму миллат аст. Имрӯз дар ҷаҳон кам нестанд қавмҳое, ки давлати миллӣ надоранд ва ё тамоми умр барои истиқлоли хеш мубориза мебаранд. Тоҷикони фархундафол 9 сентябри соли 1991 дубора тоҷи давлатдории хешро ба даст оварданд ва онро монанди гавҳари чашмонашон, нури дидагонашон, чун дуои модар ва панди падар азизу гиромӣ медоранд.
Тоҷикистон!
Хонаи меҳр, даргоҳи нуру офтоб, хиттаи файз ва гулбоғи накуиҳост. Ҳар субҳи наве шаршараи нур ба дарёҳо меомезад, балки офтоб бо обҳои рӯдборони Тоҷикистон чеҳра мешӯяд, сипас, ба одаму олам салом мегӯяд. Ин ҷо дарёҳо офтоб меофаринанд, офтоби Норак, офтоби Роғун, офтоби Сангтӯда, офтоби Бойғозӣ. Ин ҷо дарёҳо шабҳоро монанди рӯз нуронӣ мекунанд. Ин ҷо рӯдҳо дар заминҳои зархези водиҳо, ёлаю кӯҳҳо ризқу рӯзии фаровон ва бахту иқболи сафед меофаранд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки саросар баҳористону гулистон, файзбахшу фараҳбахш аст, меваҳои шаҳдбораш лаззати нотакрор доранд, водиҳои сарсабзу кӯҳҳои сарбаландаш ба дилҳо завқу сурур, шодию ҳаловат эҳдо мекунанд. Вақте тоҷике меҳмони давлатҳои дигар мешавад, мизбонон ба шодию дилнавозӣ арза медоранд, ки ӯ аз биҳишти заминӣ омадааст ва гиромиаш медоранд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки фарзандони фарзонааш бо ақлу завқу қадаму қалами худ ҳонаҳо ва роҳи дилҳоро наздиктар кардаанд ва дар ҳар кишваре порае аз Тоҷикистон сохтаанд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки шаҳрванди он будан бахту иқболи баланд ва ҳадяи беназири тақдир аст. Вақте ба ҷаҳон омадем, моро ин Модар ва ин Ватан ба оғӯши гарму нарми худ гирифтанд. Шиносномае, ки Тоҷикистон ба мо додааст, худ як мояи ифтихору хушбахтист. Тирамоҳи соли 2019 зодаи Тоҷикистон, овозхони номвар Олег Фезов, ки зиёда аз бист сол аст, дар кишвари Олмон зиндагӣ дорад, ба Душанбе омад ва шиносносномаи нав гирифт. Мақомдорони Олмон борҳо ӯро огоҳ кардаанд, ки шаҳрванди он давлат шавад, аммо Олег Фезов напазируфтааст. Ӯ гуфтааст, ки дар тамоми дунё Ватани ман Тоҷикистон аст ва ман шаҳрванди ҳеҷ кишвари дигаре нахоҳам шуд, забони давлатии ман тоҷикист ва ман онро бо ҳеҷ забони дигари олам иваз нахоҳам кард.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки номи шаҳру рустоҳояш паёми ободист. Дар ҳар гӯшаву канор деҳаҳое бо номҳои Навобод, Гулобод, Меҳробод, Хуррамобод, Раҳмонобод, Тоҷикобод ҳастанд ва ин ободиҳо гувоҳи шукӯҳу фараҳу ҳашамати тоҷикона аст. Яъне, тоҷикон ҳамеша дар андешаи сохтанҳо, обод карданҳо буданду ҳастанд. Тоҷикон бунёдгузорони куҳантарин шаҳрҳои ҷаҳонанд, тоҷикон аз нахустин қавмҳои шаҳрнишин будаанд, тоҷикон фарҳанги шаҳрнишиниро ба дигар қавмҳои олам омӯхтаанд. Аз саҳифаҳои шаҳри Саразми бостонӣ, аз саҳифаҳои нахустини таърихи тоҷикон бармеояд, ки фарҳанги кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар сарзамини мо ташаккул ёфтааст.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки асрҳои аср аҷнабиён, қавмҳои кӯчӣ ва саҳронишин сӯяш бо ҳирсу ҳасаду ҳавас чашм дӯхтаанд. Ва гоҳе аз берунҳо лашкарҳое бо нияти ғоратгарӣ, тасарруф ва ғасби китобу молу дороӣ қадами номуборак ба шаҳрҳову деҳаҳои тоҷикон ниҳодаанд, китоби сарнавишти чандин наслҳоро оташ зада, ба рӯйи нигораҳои нодир хат кашидаанд, пайкараҳои беназирро бераҳмона шикастаанд. Аммо дар миёни ин ҳама лашкаркашиҳо, набардҳо, тохтутозҳо, тороҷгариҳо ва харобкориҳо тоҷикон беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастии худ – забони тоҷикиро ҳифз карданду гиромӣ доштанд. Барои исботи даъво аз сайёҳатномаи кишваркушои асри ҳаждаҳуми рус А. Миддендорф иқтибос меорам: «Тоҷикон, то он ҷойе, ки ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд, ки бо вуҷуди муқобилияти алайҳашон давоми садсолаҳо идома ёфта, барои худ роҳ кушода тавонистанд. Аз рӯйи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст: дар бораи истеъдоди модарзодии руҳонии ӯ низ ҳаминро гуфтан лозим аст».
Тоҷикистон!
Кишваре, ки парвардагонаш қаҳрамонона зистаанд. Вақте ки дар бораи мафҳуми қаҳрамонӣ андеша мекунем, беихтиёр номҳои Шерак, Спитамен, Деваштич, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ, Темурмалик ва дигар фарзандони диловари халқи тоҷик ба хотир мерасад. Корномаҳои ин шахсон барои мо оинаи ибрат ва шоистаи пайравист. Дар давраҳои вазнини таърих, дар майдони ҷангу ҷидолҳо, мубориза барои озодӣ онҳо ҷони худро сипар карданд, бар зидди аҷнабиён мардонавор ҷангиданд, лашкари душманро шикаст доданд, барои манфиатҳои олии давлату миллат талош варзиданд. Зиндагиномаи қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои имрӯзиён ва фардоиён дабистони бузургест, ки наслҳо аз он сабақи ватандӯстӣ меомӯзанд. Бобоёну падарони мо дар ҳар асру замоне ҳамчун фарзандони вафодори модару Ватан кору зиндагӣ кардаанд.
Тоҷикистон!
Кишваре, ки мардумаш монанди кӯҳҳояш сахтҷонанд, устуворанд, сарфарозанд. Мо қавми ҷаҳонсозем, даст ба дасти ҳам медиҳем, қадамҳои устувор ба шоҳроҳи оянда мегузорем, намехоҳем, як хиште ҳам аз кохи орзуву ормони миллии мо беҷо шавад. Мо аз табори озодагон ва мардуми озода ҳастем. Тоҷикистон! Кишваре, ки ба бовари ман, бузургтар аз ҳама кишварҳои дунёст. Зеро, фарҳанг, маънавиёт, таърихи ҷаҳонгир дорад. Зеро фарзандонаш ба ҳар куҷое, ки рафтанд, ҳамроҳи худ сарводаю сухан бурданд, фарҳангу адаб бурданд, китобу хомаву дафтар бурданд. Дар тамоми давраҳои таърих боре ҳам нашуда, ки тоҷикон ба хоки дигарон бо тиру камон, теғу шамшер қадам ниҳода бошанд. Дастовези тоҷикон меҳр асту муҳаббат, нур асту гармӣ, нон асту намак. Дар ҳар гӯшаи олам забони тоҷикӣ садо медиҳад, дар ҳар куҷо номи Рӯдакии тоҷикнажод шунида мешавад, дар ҳар мулке тоҷикистонӣ ишқи Суғду Зарафшону Хатлону Бадахшон мепарварад, он ҷо як гӯшаи Тоҷикистон аст.
муовини раиси вилояти Суғд
