ЖУРНАЛ

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ПЕШРАФТ

Истиқлол барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон мебошад. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Гарчанде, бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини та...
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ВМКБ

Истиқлол неъмати бебаҳо аст ва на ҳар халқи сайёраи Замин онро соҳиб мебошад. Ин падидаи муҳим ормони аҷдодии миллати мо буда, барои расидан ба давлатдории навин, соҳибихтиёрии комил ва ваҳдати миллӣ дар тули ҳазорсолаҳо иродаи матин, ҷасорату далерӣ, талошҳои бемисл ва худфидоии фарзонафарзандони миллат зарур омад. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои пайгиронаи оламшумулаш мешиносад ва аҳаммияти онҳоро возеҳ дарк намуда, мепазирад. Ҳамаи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, самараи пурбор дода истодаанд. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳоншумули Роҳбари давлат дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, 25 ...
НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатӣ баҳри ҳар як халқу миллате, ки ба ҳастии имрӯзаву ояндаи худ арҷ мегузорад, кӯшиши баробари замон қадам задан мекунад, давлаташро як ҷузъи ҷудонопазири сайёраи одамизод, тамаддуни муосири башарият медонад, чун обу ҳаво ва мавҷудияти офтоб, ки бидуни он зиндагӣ дар рӯйи замин вуҷуд нахоҳад дошт, зарур мебошад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик вазифадор аст истиқлолияти миллиашро, ки бо шикасту рехти зиёд ба даст омадаву бинобар сиёсати оқилонаву дурандешона, иқдому талошҳои пайдарпаю пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтаву қавӣ гардидааст, мисли гавҳараки чашм, неъмати нодиру бебаҳо, ҳамчун арзиши волову нотакрор ҳифз намояд. Сарзамини куҳанбунёду таърихии тоҷикон, ки д...
ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ

Тоҷикистон! Кишваре, ки Сарвари муаззамаш ифодагари бузурги хештаншиносии миллист. Ҳар ифтихоре, ки тоҷикон доранд, дар сиришт, гуфтор, рафтор ва пиндори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷилва омадааст. Роҳбари хирадманди мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як давлат пос доштани асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ мебошад. Ҳар як сухан, ҳар як навишта, ҳар як китоби Президенти дурандешу номвари кишвар ангезаи ифтихори миллии тоҷикон ва тоҷикистониён аст. Тоҷикистон! Ватане, ки бо меҳру муҳаббат, вафодорию садоқат, дӯстдориву самимияти фарзандонаш пеши оламиён машҳур гардидааст. Марзу буми ин Ватан тулонӣ нест, аммо дар назари фарзандонаш бузург аст. Ватанро хурд намешуморанд. Ватан аз торҳои меҳр, аз хишти муҳаб...
САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

САҲИФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА ХУДШИНОСӢ

Дар арафаи ҷашни муқаддаси Истиқлол шумораи навбатии маҷаллаи "Фирӯза" бо матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расид. Шумораи нави мо ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои миллии кишвар — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Меҳвари шумораро мавзуъҳои Истиқлол ва сулҳу субот ташкил медиҳанд. Дар саҳифаҳои аввали маҷалла масъалаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар шумора ҳамчунин табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба муносибати 35-солагии Истиқлолият ҷой дода шуда, нақши фарҳанг дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъат ва муаррифии мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бар...
Ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлолият
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлолият

Имрӯз, 26-уми августи соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Алоқамандон аз беҳтарин намунаҳои осори адибони классик ва муосири ватаниву хориҷӣ, ки тозагӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти бачагона» ба табъ расидаанд, дидан намуданд. Дар доираи ҳамоиш муаррифии китоби «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат» доир шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ...
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ   – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САРЧАШМАИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САРЧАШМАИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Паёми шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода дар шумораи ҷашнии маҷаллаи “Фирӯза” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  Ҳамватанони азиз! Бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ кулли кормандон ва алоқамандони соҳаи фарҳанги мамлакат, хоса ҳаводорони маҷаллаи “Фирӯза”-ро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям. Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи сарнавиштсоз ва муқаддас ҷойгоҳи хос дошта, ифодакунандаи пирӯзии хиради сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавии миллати тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳу ризоият, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 ...
СОҲИБФАЗИЛАТЕ АЗ МУЛКИ ЗАРНИСОР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

СОҲИБФАЗИЛАТЕ АЗ МУЛКИ ЗАРНИСОР

Ҳисори зарнисору ҳамешабаҳор бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғановатманди худ маҳбубу машҳури олам гардидааст. Садоқату рафоқати мардуми он нисбат ба Ватан вирди забонҳо буда, пиру ҷавони ин диёри нозанинро ҳамчун мардумони содиқу вафодор муаррифӣ намудааст. Накуфарзандони Ҳисор бо хиради азалӣ, фаросати воло ва иқдомҳои созанда дар ободиву сарсабзии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда ва мондагор доранд. ИФТИХОРИ ДИЁР  Бо ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки дар ин мулки ҳамешабаҳор шахсиятҳои барӯманд умр ба сар бурдаанд, ки роҳи тайкардаи онҳо барои насли имрӯз ҳамчун мактаби бузурги таҷрибаи зиндагӣ маҳсуб меёбад. Яке аз чунин фарзандони сазовори ин мулки зарнисор шодравон Дӯстмурод Уроқов - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди Донишго...
КАСБИ ПУРШАРАФ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

КАСБИ ПУРШАРАФ

Маҳз касби омӯзгориро интихоб намудани Насиба Раҳмонова бесабаб нест, зеро ки модаркалону модараш омӯзгор буда, дар таълиму тарбияи садҳо нафар дар ноҳияи Темурмалик саҳми арзанда гузоштаанд ва шогирдони онҳо барои пешбурди ҷомеа хизмати шоиста мекунанд. Насиба ҳам дар пайравӣ ба онҳо, пешаи заҳматписанди омӯзгориро интихоб кард ва солиёни зиёдест, ки ба тарбияи насли наврас машғул аст. ОҒОЗИ РОҲ Насиба Раҳмонова зодаи ноҳияи дурдасти Темурмалик мебошад. Ӯ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба касби омӯзгорӣ алалхусус, фанни забони англисӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Соли 2006 баъди хатми МТМУ-и №1 и ноҳияи Темурмалик ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба факултаи забонҳои хориҷӣ супорид. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ сазовори номи ...
СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА

Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар як рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи ит- тилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад. Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хоса ва марҳалаи муҳимми таърихӣ, - дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷашн гирифта мешавад. Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи Истиқ- лол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд, матбуот ва умуман, воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд. Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ма...