ЖУРНАЛ

Ялдо: Хуршеди тобон  дар бағал
Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

Ялдо: Хуршеди тобон дар бағал

Чилла рӯзи аввал аз моҳи даҳуми солшумории офтобӣ – Дай аст ва онро рӯзу шаби нахустини сармо ва фасли зимистон мешуморанд. Офтоб дар бурҷи Ҷаддӣ қарор мегирад. Даймоҳ дар гоҳшуморӣ ва назди бузургони куҳан баргузида ва аз моҳу сифатҳои муқаддас будааст.  Дар гоҳномаи хуршедӣ рӯзи аввали ҳамаи моҳҳо Ҳурмуз номида мешавад. Рӯзи нахустини Дай низ ҳамин номро дорад ва дорои хосиятҳои нек аст, вале ҳар моҳ вобаста ба гардиши сол тағйири ҷой мекунад. Ҳурмузи моҳи Дай бо шабе рост меояд, ки бинобар хосияту аломатҳояш шаби Ялдо унвон гирифта ва оғози Чилла мебошад. Чаро Чилла мегӯему Ялдо? Мешавад онҳоро ҳаммаъно ва муродифи якдигар хонем? Агар исрор намоем, ки Ялдо ҳамон Чилла будааст, оё ба иштибоҳ роҳ намедиҳем? Нахуст, ки аз даврони қадим ва унвони анъанавии рӯзу шаби аввал Чилла бу...
ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот, Хабарҳо

ЛИВОИ БАХТУ ОЗОДӢ

Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолу дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъйу талоши пайваста ба хотири ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон, рамзи худогоҳию худшиносӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём парчамдор буданд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ...
ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ…
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ…

«Вақте бо пешниҳоди Раиси тозатаъини Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қумондонҳои саҳроӣ аз ду тараф дар кори Иҷлосияи XVI ширкат карда, баъдан, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд ва чун рамзи арҷгузорӣ ба якпорчагии ватан ва итоат ба қонун парчами кишварро бӯсиданд ва сари оши оштӣ нишастанд, мо ба ояндаи Тоҷикистон умед бастем...», – мегӯяд Гулафзо Савриддинова. РУҶУИ АВВАЛ ХИШТИ НАХУСТИНИ СУЛҲ Гулафзо Савриддинова ҳар гоҳе аз воқеаҳои солҳои 90-ум суҳбат мекунад, нахуст аз сулҳ мегӯяд, зеро ӯ на танҳо шоҳиди он рӯзҳои ҳассос, балки аз онҳое буд, ки дар мавриди сарнавишти миллат тасмим мегирифтанд. “Замоне, ки қадамҳои аввалини худро дар роҳи истиқлол мегузоштем, мушкилиҳо зиёд буд. Он замон ман муддати қариб 9 сол роҳбарии ноҳияи Исфараро ба дӯш доштам. Баъдан, ба вазифаи м...
Бонуи ҳайкалтарош
БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Бонуи ҳайкалтарош

1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам... Эътирофи устодон Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунир...