Раҳнаварде дар олами ҳунар
Нафистарину зеботарин ҳунар ин санъати театру кино аст, ки ҳунармандон бо офаридани нақше шодиву нишот ва шебу фарози рӯзгори моро дар он таҷассум месозанд. Кино чун ҷузъи таркибии фарҳанги ҳар як қавму миллат маҳсуб ёфта, таърих, ҳунар ва анъанаҳои неки гузаштагону имрӯзиёнро инъикос намуда, ба оламиён муаррифӣ менамояд.
Оғози парвоз
Агар бедорхобиҳои филмноманависон намешуд, агар тахайюли зебоиофарӣ ва такмилсозии асар ё сенарияи филм аз ҷониби коргардонҳо намешуд, агар онҳо бо диду нигоҳи тоза ҳунармандонро барои офаридани нақше уҳдадор намекарданд, агар заҳмати наворбардору тарроҳи либос, рассоми саҳна ва рӯшноидиҳандаи майдони ҳунар намебуд, филми хуберо тамошо карда, наметавонистем. Вақте дар дил рағбати навиштан дар мавриди синамо пайдо шуд, беихтиёр исми Нигина Раҷабова ба х...










