ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ ВА САРЧАШМАИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Паёми шодбошии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода дар шумораи ҷашнии маҷаллаи “Фирӯза” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 

Ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси баланди ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ кулли кормандон ва алоқамандони соҳаи фарҳанги мамлакат, хоса ҳаводорони маҷаллаи “Фирӯза”-ро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи сарнавиштсоз ва муқаддас ҷойгоҳи хос дошта, ифодакунандаи пирӯзии хиради сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавии миллати тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳу ризоият, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 оғози марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷикон гардид, ки заминаи устувори сулҳу субот, пешрафт ва рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард.

Дар расидан ба ин дастоварди бузурги таърихӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва тақдирсоз аст. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши муқаддасе мебошад, ки ҳастӣ, бақо ва пешрафти давлату миллат аз он вобастагӣ дорад.»

Маҳз бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ, ҷасорат ва ҳисси баланди ватандӯстии Пешвои миллат ҷонибҳои даргир ба муколама ва сулҳу созиш даъват гардида, миллати тоҷик аз хатари парокандагӣ ва давлат аз вартаи нобудӣ наҷот дода шуд. Кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар роҳи таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва хизмати фидокорона ба мардум дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад.

Имрӯз, баъди гузашти бисту нуҳ сол аз имзои Созишномаи сулҳ, Тоҷикистон ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба қадамҳои устувор мегузорад. Дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг самараи бевоситаи фазои сулҳу суботи ҷомеа мебошанд.

Соҳаи фарҳанг низ ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус дар шароити сулҳу субот, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар ин давра садҳо муассисаҳои фарҳангӣ бунёду навсозӣ шуда, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ тармим гардиданд, ҷашнҳои бошукӯҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд ва осори гаронбаҳои фарҳанги тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат мероси ғании фарҳангии тоҷикон ҳифз ва эҳё гардида, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, санъати миллӣ, фаъолияти театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз ваҳдати миллӣ имкон дод, ки фарҳанг ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа рисолати созандаи худро бо муваффақият иҷро намояд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мо бояд ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ ва рушди давлатамон ноил гардем.»

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аҳли зиё ва кормандони соҳаи фарҳанг, таҳкими бештари ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат мебошад. Мо бояд ин неъмати бебаҳоро, ки бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвар сулҳу сафо, саодатмандӣ, рӯзгори обод ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Сатториён Матлубахон Амонзода 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *