АСОСӢ

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 дар ноҳияи Шоҳмансур
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 дар ноҳияи Шоҳмансур

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави соҳаи маориф аз 5 қисм иборат буда, бунёди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонони 3 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар дар шароити муосир ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар фаро гирифта шаванд. ...
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Фармонҳо, Хабарҳо

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 шаҳрвандони ҷинси мар...
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву ифтихорномаҳо
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву ифтихорномаҳо

28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд. Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи кишвар, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи як сарфароз гардиданд....
Ҳамоиши идона ба муносибати 35 соли истиқлоли Тоҷикистон
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Ҳамоиши идона ба муносибати 35 соли истиқлоли Тоҷикистон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ин ҳамоишро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саториён Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуданд, ки фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ тоҷик нақши муҳим дорад. Дар чорабинӣ Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳангу ҳунар, адибон ва дигар шахсиятҳои шинохт...
ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗ

Имрӯз 26-уми август ҳунарманди маъруф, арбоби барҷастаи санъат, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Умарова зодрӯз доранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрику таҳният мегӯяд. Дилбар Умарова аз зумраи чеҳраҳои дурахшон ва беназири санъату фарҳанги муосири мо мебошанд, ки бо ҳунар, услуби хос ва малакаву маҳорати камназир фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки заҳматҳои чандинсолаи Дилбар Умарова дар самти тарғиби фарҳангу санъати тоҷик бо мукофоти баланди давлатӣ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст. Ба ин дилдодаи санъату ҳунар, офияти комил, умри дароз, осоиш ва илҳоми бепоёни эҷодӣ орзумандем. Бигзор нақшҳои офаридаатон дар театру синамо ҳамеша ...
Ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлолият
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлолият

Имрӯз, 26-уми августи соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Алоқамандон аз беҳтарин намунаҳои осори адибони классик ва муосири ватаниву хориҷӣ, ки тозагӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» ва «Адабиёти бачагона» ба табъ расидаанд, дидан намуданд. Дар доираи ҳамоиш муаррифии китоби «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат» доир шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст. Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудаас...
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем. Роҳбари давлат м...
Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон

24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд. Ифтитоҳи ин кохи бошукӯҳи фарҳангу ҳунар барои мардуми Тоҷикистон рӯйдоди хотирмони таърихӣ ба шумор меравад. Театри миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ҳамчун туҳфаи арзишманду беназир ба мардуми Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид. Баъди ифтитоҳ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ д...
Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе
АСОСӢ, Президент

Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд. Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди Варзишгоҳи миллӣ ва рушди футболи муосири тоҷик беназир аст, фаввора – конструксияи соядасти Президенти кишвар дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст. Ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта...