АСОСӢ

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи Роғун
АСОСӢ, Президент

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи Роғун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд. Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми Неругоҳи Роғун буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисмати поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ шудааст. Тибқи маҷмӯи нақшаҳои корӣ дарозии трассаи асосии нақб 2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тӯлонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисмати болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисмати поёнии неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҳамчунин, лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар...
Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун
АСОСӢ, Президент

Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохуриро бо солгарди ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки бунёди неругоҳи Роғун низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифа...
БО САДОҚАТ, БО МУҲАББАТ ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАНЕМ!
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

БО САДОҚАТ, БО МУҲАББАТ ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАНЕМ!

20 августи соли 2026 дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Бо садоқат, бо муҳаббат дар ҳифзи Истиқлоли Ватанем!» ҳамоиши тантанавии ҳизбиён баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар толори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор шуда, дар он роҳбарони кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, инчунин намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва аъзои Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиш раи...
Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давла...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Ҳадиса Қурбонова сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикон ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Аз баракати қалами эшон китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), "Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ.силсилаи очеркҳо «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғ...
ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ УСТОД ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ УСТОД ТЕМУР ЗУЛФИҚОРОВ

Имрӯз 17 август нависандаи маъруф, арбоби барҷастаи санъат, устод Темур ЗУЛФИҚОРОВ зодрӯз доранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати мубораки 90-солагӣ сидқан табрику таҳният мегӯяд. Темур Қосимович аз зумраи чеҳраҳои дурахшон ва беназири адабиёту фарҳанги муосири мо мебошанд, ки бо қалами эъҷозовар, услуби хоси бадеӣ ва андешаҳои амиқи ҳикматомезатон фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Осор ва филмномаҳои эшон саршори муҳаббат ба Ватан, заминаҳои амиқи таърихиву фалсафӣ ва маданияти бойи халқамон мебошанд. Темур Зулфиқоров аз даврони ҷа­во­нӣ ба осори бузургони адаби форсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ба ҷаҳонбиниву...
Шарораи хотираҳо
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

Шарораи хотираҳо

Шоҳсутуни хонадон, гаронмоятарин давлату дороиям. Осоиши рӯзгори рангин, малҳами захми қалби хунинам. Он меҳру муҳаббате, ки бароям арзонӣ додӣ, он ранҷу азоб, шабҳои бехобие, ки баҳри ман кашидӣ ба ягон дороии дунё иваз намекунам. Модарҷон! Замират аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта буду оғӯши гармат равзаи ризвон вақте қалби поку зебоят аз таппиш монд, дунёи равшан бароям торик гардиду замину замон ях баст. Модарҷони дарёдилам! Ман аз кулчаи рӯят сер набудаму, ҳанӯзам мавҷи андеша моро ба умқи гирдоби гирдоби хотиротат мекашад, то аз дарёи меҳру навозишат ташнагӣ шиканам. Имрӯз муҳтоҷ ба панду насиҳат ва дуои покат ҳастам, ки ҳамеша аз баду балоҳои осмон ҳифз менамуду роҳнамоям дар шабу фарози зиндагӣ буд. Гулхандаат дар ёд монд,  Дил пурғаму ношод монд, Ту...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК, НИЛУФАР РАҲМОНОВА!
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК, НИЛУФАР РАҲМОНОВА!

Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Фирӯза» ҳамкори азизу гиромӣ, корманди масъулиятшинос ва хушсалиқаи маҷалла Нилуфар Раҳмоноваро ба муносибати ҷашни зодрӯзаш самимона табрик менамояд. Нилуфар Раҳмонова аз ҷумлаи ҳамкоронест, ки бо меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати нек ба аҳли эҷод ва муҳаббат ба кори хеш дар муҳити маҷалла ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Ӯ бо табъи зебо, андешаи созанда ва муносибати самимона ба ҳамкорон дар омодасозии маводи маҷалла саҳми арзанда мегузорад. Барои ҳар як маҷалла на танҳо қалами хубу андешаи тоза, балки муҳити созгор ва ҳамкории самимонаи аҳли эҷод муҳим аст. Нилуфар аз он ҳамкоронест, ки бо ҳузури худ ба ин муҳит гармӣ мебахшад ва бо масъулияти баланди касбӣ барои пешрафти кори умумӣ талош мекунад. Дар ин рӯзи фархунда ба Нилуфар Раҳмонова пеш аз ҳама т...
ХОНИШИ ИДОРАВӢ оид ба » Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» 
АСОСӢ, Хабарҳо

ХОНИШИ ИДОРАВӢ оид ба » Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» 

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони зерсохторҳои Вазорат хониши идоравӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ф.Т ифтитоҳ намуда, аҳамияти рушди забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва нақши онро дар муаррифӣ ва пойдории фарҳанг қайд карданд. Инчунин Шарифзода Ш. профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” зимни барраси баромад намуданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои риояи меъёрҳои забони давлатӣ ҳангоми таҳия ва баррасии корҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва зарурати истифодаи дурусти қоид...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик, ҳаҷвнигори маҳбуб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбар ва асосгузори гурӯҳи маъруфи ҳунарии «Ғарибшо компания» Бахтиёр Раҳимов андӯҳгин буда, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, ҳамкорон ва ҳаводорони сершумори ҳунари ӯ изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти самимӣ менамояд. Марҳум Бахтиёр Раҳимов аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷаста ва маҳбуби санъати тоҷик ба шумор мерафт, ки бо истеъдоди фитрӣ, маҳорати баланди ҳунарӣ солҳои зиёд дар рушди фарҳанги миллӣ, санъати саҳнавӣ ва синамои кишвар саҳми арзишманд гузошт. Номбурда бо таъсис ва роҳбарии гурӯҳи ҳунарии «Ғарибшо компания» дар ташаккули мактаби муосири ҳаҷви тоҷик нақши муассир гузошта, бо офаридани образҳои хотирмон ва барномаҳои пурмазмун дар тарби...