Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Ҳадиса Қурбонова сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва наздикон ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Аз баракати қалами эшон китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ.силсилаи очеркҳо «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013)инчунин, дар соҳаи драматургия низ қувва озмуда, соли 1973 намоишномаи «Мӯниса»-ро навиштааст, ки аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон ҳикоят мекунад ва дар Театри драмавии вилояти Хатлон ба саҳна гузошта шудааст. Намоишномаи «Машъали ҷовид» аз корномаи Талбак Лолаев, ки баҳри ҳифзи ғаллазор ҷон нисор карда буд, ҳикоя мекунад. Драмаҳои «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» маҳсули қалами ӯстанд.
Ҳамчунин, ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои узбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.
Ёди ин дилдодаи шеъру адаб ҳамеша дар қалби ҳаводорон ва шефтагони асарҳои мондагораш гиромӣ аст.
Даргузашти шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Ҳадиса Қурбонова зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи фарҳангу санъат ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
