Имрӯз 17 август нависандаи маъруф, арбоби барҷастаи санъат, устод Темур ЗУЛФИҚОРОВ зодрӯз доранд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди гиромиро ба муносибати мубораки 90-солагӣ сидқан табрику таҳният мегӯяд.
Темур Қосимович аз зумраи чеҳраҳои дурахшон ва беназири адабиёту фарҳанги муосири мо мебошанд, ки бо қалами эъҷозовар, услуби хоси бадеӣ ва андешаҳои амиқи ҳикматомезатон фарҳанги тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Осор ва филмномаҳои эшон саршори муҳаббат ба Ватан, заминаҳои амиқи таърихиву фалсафӣ ва маданияти бойи халқамон мебошанд.
Темур Зулфиқоров аз даврони ҷавонӣ ба осори бузургони адаби форсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ба ҷаҳонбиниву малакаи адабияш таъсир гузоштанд.
Темур Зулфиқоров муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусхаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насруддин, Умари Хайём, Иван Грозний ӯро шуҳратёр карданд. Аз ҷумла асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин романи Аврупо-93» ва ҷоизаи «Коллетс»-и Британияро дарёфт кард.
Боиси ифтихор аст, ки заҳматҳои чандинсолаи устод дар самти тарғиби фарҳангу тамаддун ва адабиёти тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуда, соли 2024 бо мукофоти баланди давлатӣ, ордени “Шараф” дарачаи 1 сарфароз гардонида шуд.
Бо хушнудӣ иттилоъ медиҳем, ки ба ифтихори ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби арзишманди устодро ба забони русӣ бо номи «Поэмы и притчи Ходжа Насреддина» (Достону ривоятҳои Хоҷа Насриддин) бо тарҳи нави нафис ба чоп расонид.
Ин нашри ҷашнӣ ва арзишманд аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошта, метавонад барои насли ҷавон ва ҳаводорони адабиёт ҳамчун падидаи арзишманд хидмат намояд.
Ба устоди азиз, офияти комил, умри дароз, осоиш ва илҳоми бепоёни эҷодӣ орзумандем. Бигзор каломи ҳикматборашон ҳамеша чароғафрӯзи афкори ҷомеа ва ифтихори фарҳанги миллӣ боқӣ монад!
