Шарораи хотираҳо

Шоҳсутуни хонадон, гаронмоятарин давлату дороиям. Осоиши рӯзгори рангин, малҳами захми қалби хунинам. Он меҳру муҳаббате, ки бароям арзонӣ додӣ, он ранҷу азоб, шабҳои бехобие, ки баҳри ман кашидӣ ба ягон дороии дунё иваз намекунам.

Модарҷон! Замират аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта буду оғӯши гармат равзаи ризвон вақте қалби поку зебоят аз таппиш монд, дунёи равшан бароям торик гардиду замину замон ях баст.

Модарҷони дарёдилам!

Ман аз кулчаи рӯят сер набудаму, ҳанӯзам мавҷи андеша моро ба умқи гирдоби гирдоби хотиротат мекашад, то аз дарёи меҳру навозишат ташнагӣ шиканам.

Имрӯз муҳтоҷ ба панду насиҳат ва дуои покат ҳастам, ки ҳамеша аз баду балоҳои осмон ҳифз менамуду роҳнамоям дар шабу фарози зиндагӣ буд.

Гулхандаат дар ёд монд, 

Дил пурғаму ношод монд,

Ту рафтӣ бар номи лаҳад,

Дар номи ман фарёд монд.

Аз шамими гулҳо бӯйи хуши туро мебӯяму аз гармии хуршед меҳри туро меҷӯям ва ҳузуратро дар ин неъматҳои эзид эҳсос мекунам:

Аз дурҳо, аз дурҳо ояд зи ту нуру сафо

Ҳис мекунам андар танам, табу ҳарорат аз само.

Модарҷон чаро бо ин зӯрӣ таркам намудӣ?

Орзуҳоям хок хурданд. Нақшаҳоямро, ки ҳамроҳ сайри алам кунем ва дар тӯйи набераҳо гули сари сабад бошӣ бод бурд.

Роҳ набуд то пеши болинат шавам

Ғамгусори ҷони ширинат шавам

Пок созам ашки ғамат очаҷон

Малҳаме бар дарди деринат шавам.

Модарҷон!

Такягоҳам будиву дар ҳама мушкилоти зиндагӣ такя бар заковату хирад ва меҳру муҳаббати Шумо доштем.

Модари хушнигору мушти парам, 

Соҳибҷамолу соҳибкамолам.

Вақте сафҳои зиндагиамонро варақ мезанам саршор аз нукати омӯзанда, мактаби зиндагӣ ва як сарчашмаи маърифат барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, худшиносию худогоҳии насли ҷавон аст.

Модарҷон, на танҳо нахустмураббии мо фарзандон, балки омӯзгори соҳибфазилате будӣ, ки хислатҳои беҳтарини инсонӣ, ҳимматбаландӣ меҳанпарастию – ба шогирдон талқин мекардӣ.

Умри кӯтоҳу пурфайзи хешро масрафи тарбияи фарзандон ва аҳли ҷомеа намудӣ.

Модари суханворам, ишқу зебоӣ, меҳру муҳаббат ва зиндагиномаи як зани фидоӣ ва сарсупурдаи Ватанро ба силки назм мекашидӣ ва гул-гул шукуфии меҳанро тараннум менамудӣ.

Зиндагиро бо камоли воқеъбинӣ ва борикназарӣ дар шерозаи шеър гулдӯзӣ мекардӣ.

Ифтихор доштам, ки хизматҳоятро Пешвои миллат ба инобат гирифта ба мукофоти давлатӣ, “Хизмати Шоиста” қадрдонӣ намудаанд.

Он рӯзи вохӯрӣ бо Сарвари давлат бароят хушбахттарин лаҳзаи ҳаёт буд. Дар баробари он, ки беҳтарин модар, бибӣ ва кадбонуи хонадон будӣ, бо сари баланд дар рушди таҳкими ҷомеа саҳм мегузоштӣ. Рӯзона ба шогирдон сабақ меомӯхтӣ ва шаб то дергоҳ ба корҳои эҷодӣ машғул будӣ.

Имрӯз ба шогирдони бомаърифату соҳибкамолот менигараму ифтихор менамоям, бо меҳр китобҳоятро ламс мекунам, набеарҳоятро ки нусхаи симои зебоят ҳастанд ба оғӯш мегираму мебӯям.Хотираҳои некро машъали зиндагӣ намояму давоми умри пурифтихорат бошам. То мардум бигӯяд бачаи ботарбияи модар аст. Раҳмат ба модари тарбиягараш!!!

Аз онҳо бӯи хушу меҳри гарматро ҷӯё мешавам ва бо худ мегӯям:

Инак вақти он шуд, ки синону сипари худ ва фарзандон бошам.

Далер Ализода-корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.           

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *