Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик, ҳаҷвнигори маҳбуб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, роҳбар ва асосгузори гурӯҳи маъруфи ҳунарии «Ғарибшо компания» Бахтиёр Раҳимов андӯҳгин буда, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, ҳамкорон ва ҳаводорони сершумори ҳунари ӯ изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти самимӣ менамояд.
Марҳум Бахтиёр Раҳимов аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷаста ва маҳбуби санъати тоҷик ба шумор мерафт, ки бо истеъдоди фитрӣ, маҳорати баланди ҳунарӣ солҳои зиёд дар рушди фарҳанги миллӣ, санъати саҳнавӣ ва синамои кишвар саҳми арзишманд гузошт.
Номбурда бо таъсис ва роҳбарии гурӯҳи ҳунарии «Ғарибшо компания» дар ташаккули мактаби муосири ҳаҷви тоҷик нақши муассир гузошта, бо офаридани образҳои хотирмон ва барномаҳои пурмазмун дар тарбияи маънавӣ, боло бурдани фарҳанги ҷомеа ва таблиғи арзишҳои миллӣ хизматҳои шоиста анҷом дод. Ҳунари воло, сухани самимӣ ва ҳаҷви созандаи ӯ дар қалби бинандагони зиёд ҷой гирифта, ба бахше аз хотираи фарҳангии миллат табдил ёфтааст.
Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Бахтиёр Раҳимов намунаи садоқат ба ҳунар, муҳаббат ба Ватан ва хизмат ба фарҳанги миллӣ буд. Осори гаронбаҳои ӯ ҳамчун мероси арзишманди фарҳангӣ барои наслҳои имрӯзу фардо боқӣ хоҳад монд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мусибатро барои аҳли фарҳангу ҳунари кишвар талафоти бузург арзёбӣ намуда, бори дигар ба пайвандону наздикон, ҳамкасбон ва ҳамаи дӯстдорони ҳунари марҳум сабри ҷамил, таҳаммул ва шикебоӣ орзу менамояд.
Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои рӯҳи шодравон Бахтиёр Раҳимов раҳмату мағфират ва барои бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонем.
Рӯҳаш шод, манзили охираташ обод ва хотираи некаш ҷовидон бод.
