4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо хушбахтӣ ва сулҳу оромӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон, хусусан барои сокинони вилояти Хатлон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз ва озмоиши азму иродаи онҳо буд.
Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон ва бахусус шаҳри Бохтар, ки дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз нуқтаҳои даргир ва ноороми кишвар ба ҳисоб мерафт, он солҳо хисороти ҷиддии моддиву маънавӣ дид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар вазъияти баамаломада Ҳукумати кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ҷиҳати ҳифзи амнияти ҷомеа, бехатарии мардум, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо шароити зиндагии орому осоишта таъмин кардани аҳолии вилоят чораҳои бетаъхир андешид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мураккаби баркарорсозиву созандагӣ саҳми мардуми бонангу номус ва қавииродаи вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро таъкид намуданд.
