ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам аҳли фарҳангу ҳунар,
Аз номи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз
номи худам, ҳамаи шумо – аҳли фарҳангу санъатро бо фарорасии ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳалаи камолот ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ба шумор рафта, боиси сарфарозию ифтихор аст, ки дар ин давра таҳти роҳнамоиву сарварӣ, сиёсати хирадмандонаву созандагӣ ва нерӯи зеҳниву пиндори некбинонаи Асосгузори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ватани азизамон
ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву
созандагӣ муҳайё гардид.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳанг ба воситаи тавонои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии ҷомеа мубаддал гашта, зимни тақвияти раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва арзишҳои нави маънавӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки кишвар мустаҳкам намуд.
Дар ин замина, сиёсати фарҳангӣ ҳамчун яке аз фишангҳои меҳварии идеологияи миллӣ тавассути танзими мақсадноки равандҳои ҳаёти маънавӣ ва тарбияи фарҳангии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад.
Тадбирҳои ҳадафманди Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ собит сохтанд, ки рушди бонизоми фарҳангу санъат, эҳёи суннатҳои бостонӣ, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки давлатдорӣ мебошанд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки инфрасохтори соҳа ба куллӣ навсозӣ гардида, тамоми самтҳои илмию амалии фарҳангу санъат фаро гирифта шаванд.
Хусусан, таваҷҷуҳи афзалиятнок ба кашфу ҳавасмандгардонии истеъдодҳои ҷавон ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мубаддал гашт. Имрӯз озмунҳои ҷумҳуриявие, ки зери сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат баргузор мегарданд, тавонистанд садҳо ҷавони лаёқатмандро аз дурдасттарин деҳоти кишвар
ба саҳнаи касбӣ ворид созанд. Ин ташаббусҳо дар рушди санъати касбӣ, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва ҳифзи мероси гаронбаҳои ниёгон нақши тақдирсоз мебозанд.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули низоми мукаммали таҳсилоти соҳавӣ ва тавсеаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Шабакаи густурдаи муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқӣ заминаи асосии тарбияи наслҳои ояндасозро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, раванди омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд, ки ин иқдом сифати касбии санъати миллиро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, барои таҳкими маҳорати баланди эҷодӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ба рушди санъати касбии театрӣ ва мусиқӣ низ
такони ҷиддӣ бахшид. Таъсиси театрҳои нав, муассисаҳои консертӣ ва гурӯҳҳои ҳунарии
давлатӣ имкон дод, ки санъати асили миллии мо дар сатҳи касбӣ инкишоф ёфта, дар
чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ гардад. Дар ин замина, раванди навсозии куллии инфрасохтори соҳавӣ тамоми кишварро фаро гирифта, таъмиру таҷдиди биноҳои театрҳо, филармонияҳо ва қасрҳои фарҳанг шароити фаъолияти аҳли ҳунарро ба таври назаррас беҳтар намуд.
Дар ин марҳала илми санъатшиносии тоҷик, соҳаи табъу нашр ва фаъолияти китобдорӣ ба
давраи сифатан нав ворид гардиданд. Нашри асарҳои бунёдӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва силсилаи осори гаронбаҳои адибони классику муосир дар амри худогоҳии миллӣ нақши бориз бозид. Иқдомҳои бузурги маърифатпарварӣ ва китобхонӣ, ки дар кишвар роҳандозӣ шуданд, анъанаҳои деринаи эҳтиром ба ин манбаи донишро дар ҳар як хонадони тоҷик дубора эҳё намуданд.
Дар арсаи байналмилалӣ равобити фарҳангӣ ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар пазируфта шуд. Баргузории
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ворид гардидани намунаҳои нодири мероси моддию ғайримоддии миллат, ҷашнҳои
бостонӣ ва шаҳрҳои таърихии мо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гувоҳи равшани ҷойгоҳи хоси тамаддуни тоҷикон дар хазинаи
фарҳанги умумибашарӣ мебошад.
Имрӯз сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди устувореро дар миёни ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тамоюлҳои
ҷаҳони муосир ҳамоҳанг сохта, соҳаи фарҳангро аз марҳилаи эҳё ба давраи рушди пайваста ворид сохт.
Афзоиш ёфтани маблағгузории соҳа, бунёду таҷдиди иншооти муҳташами фарҳангӣ дар саросари мамлакат ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандон шаҳодати он аст, ки
роҳбарияти олии кишвар фарҳангро ҳамчун рукни маънавии давлатдорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус қарор медиҳад.
Симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон низ ба куллӣ тағйир ёфта, дар тамоми минтақаҳои мамлакат муассисаҳои муосири фарҳангӣ бунёд гардиданд, ки ин падида рамзи шукӯҳи фарҳанги миллии мо дар остонаи ин ҷашни
бузург мебошад. Бо итминон метавон иброз намуд, ки инфрасохтори муқтадири бунёдгардида ва нерӯи эҷодии тарбияёфта заминаҳои
боэътимоде мебошанд, ки фарҳанги тоҷикро дар оянда низ ҳамчун василаи асосии муаррифии давлати соҳибихтиёри мо дар арсаи бай-
налмилалӣ ҳифз хоҳанд кард.
Дар ин давраи тақдирсоз, ҳифзи симои маънавии миллат, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва муаррифии
шоистаи тамаддуни куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ рисолати ҳар як корманди соҳаи фарҳангу санъат маҳсуб меёбад.
Итминон дорам, ки аҳли фарҳанг ва ҳунари кишвар бо дарки амиқи ин масъулияти таърихӣ, минбаъд низ дар роҳи таҳкими пояҳои маънавии давлатдории миллӣ ва
татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Дар ин рӯзи саид ба шумо — аҳли фарҳангу санъат, тансиҳативу хотирҷамъӣ, иқболи баланду толеи нек ва дар фаъолияти пурсама-
ратон ба манфиати ҷомеа ва баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон пешрафту комёбиҳо таманно менамоям.
Бигзор, дар осмони софи давлати соҳиб истиқлоли мо ҳамеша хуршеди сулҳу ваҳдат дурахшон бошад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *