БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА

Имрӯз ҳамкори азизи мо Сарвар Урозова зодрӯз дорад. Номбурда аз зумраи рӯзноманигорони содиқ ба касби худ аст, ки беш аз 20 сол аст, дар маҷаллаи "Фирӯза" кору фаъолият мекунад ва аз рӯзгори бонувони фаъоли кишвар ва дастовардҳои зани замони Истиқлол менависад. Ӯ ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар инъикоси чорабиниҳои давлатӣ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби либос ва таомҳои миллӣ пешсаф мебошад. Хизматҳои Сарвар Урозова аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Сарвар Урозова миёни ҳамкорон низ маҳбубияти хоса дорад, ӯро ҳамаи ҳайати эҷодӣ ...
ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ

ПАЙРОҲАИ ПУРИФТИХОР

Рӯзгору сарнавишти инсонҳои нексиришту дарёдил, ки ҳама шебу фарози зиндагиро бо сабуриву таҳаммул пушти сар намудаанд, дар пайроҳаи рӯзгор сабақи бузург ба шумор рафта, насли имрӯзро мебояд аз он дарси ибрат омӯзанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуби мо оилаҳои намунавӣ бешумор буда, ҳаёту қисмати онҳо сарчашмаи ифтихори наслҳои оянда ба шумор мераванд. ХОНАВОДАИ МУАЛЛИМ Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии меҳан ба шумор рафта, бо урфу одат ва анъанаҳои аз ниёгон ба мерос монда, маҳбубу машҳур гаштааст. Фарзонафарзандони ин мулки бостонӣ бо кору амали созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми сазовор гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор мондаанд. Достони хонаводаи номдори ин диёрро варақгардон мекунем... Омӯзгор Раҳимҷон умри хешро ба...
Иҷлосияи тақдирсоз
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Иҷлосияи тақдирсоз

Таърихи ҳар қавму миллат бо гузашти солу моҳ рӯйдодҳои муҳимму тақдирсозеро сабт менамояд, ки метавонанд барои халқу миллат фоҷиабор ва ё бахшандаи саодату иқбол бошанд. Натиҷаи оғозу анҷоми чунин рӯйдодҳою пайомадҳо муайянкунандаи сарнавишту тақдири минбаъдаи халқу миллатанд. Дар сарнавишти миллати тоҷик яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъват намудани қувваҳои солими ҷомеа ба мубориза баҳри ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои ягонаи давлату миллат, пойдор намудани адолату қонуният ба хотири таҳкими давлат ва истиқлолият нақши барҷаста дорад. Ҳодисаҳои дар кишвар рухдодаи аввали солҳои 90-ум як қатор омилҳои номатлуберо ба бор овард, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати тоҷиконр...
ХУШХАБАР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

ХУШХАБАР

Сармуҳаррири маҷаллаи “Фирӯза” Мавҷуда Саидзода, дар арафаи Ҷашни Истиқлол бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардид. Аҳли қалами маҷаллаи “Фирӯза” муаллимаро бо ин дастовард табрик мекунанд.
ШАҲЗОДА ХАТУН  – БОНУ БУХОРХУДОТ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

ШАҲЗОДА ХАТУН – БОНУ БУХОРХУДОТ

Дар сафҳаҳои таърихи давлатдориву низомӣ, забону адаб ва фарҳанги таърихи миллати мо – тоҷикон дар баробари мардони номовари тоҷик, аз қабили Абумуслими Хуросонӣ, Рустами Дастон, Тоҳири Пӯшангӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Фаридун, Шоҳ Ҷамшед, Ораши Камонвар, Зардушт – паёмбари порсӣ, ҳамчунин, бонувони қаҳрамон кам нестанд. Дар саҳифаҳои таърихамон занони шуҷоъ ва қаҳрамону маърифатпарвари тоҷик дар қатори Робиаи Балхӣ – модари адабиёти тоҷикӣ-порсӣ, Султон Разияи Ғурӣ – шоҳи Ҳинд, ки тахминан 25 сол дар шабакаҳои Қораи Ҳинд ҳукумат дошт, Фараҳнози Балхӣ, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, 6 моҳ бар ҳифзи мардумаш ҷонфидоӣ кардаву зидди чингизиён ҷангида, қурбон шудааст, Зебуннисо – духтари шоҳ Аврангзеб, ки дар Ҳинд дар ҳавзаи тамаддунии мо бо дурри лафзи дарӣ ғаз...
Дилбохтаи  шеъри тару зебоӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Дилбохтаи шеъри тару зебоӣ

Мактаби радиои Тоҷикистон як мактаби бузурги тарбияи кадрҳои шоиста аст. Дар давоми зиёда аз 95 сол дар ин боргоҳи сухан ва илму адаб садҳо ровӣ, рӯзноманигор, шоир, олим ва нависанда сабақ омӯхта ба камолоти маънавӣ расида, шуҳратёр шудаанд. Имрӯз мо аз номи неки Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Аминҷон Шукӯҳӣ, Маҳмуди Воҳид, Убайд Раҷаб, Сорбон, Баҳром Фирӯз, Иноят Насриддин ва дигарон, ки шогирдони ин мактабанд, ифтихор мекунем. Қаҳрамони мақолаи мо Аълочии телевизион ва радио, муҳаррири варзида, наттоқи дараҷаи олӣ Мағфират Зарифӣ ҳам дар ин мактаби овозадор касби камол кардааст. Ба олами рӯзноманигорӣ омадани Мағфират Зарифӣ бесабаб нест. Падару модари фазилатманду фарҳангдӯсташ, ки яке омӯзгору дигаре китобдор буданд, саъй карданд, ки фарзандони худро аз хурдӣ ба дунёи илму ҳунар ҳидо...
Оилаи солим –ҷомеаи солим
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Оилаи солим –ҷомеаи солим

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун арзиши муқаддас шинохта мешавад. Осоиши инсон ва муваффақияти фарзандонро гузаштагони мо аз баракати хонаводаи солим медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст». Воқеан, оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд в...
Армуғони Наврӯза
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Президент, Хабарҳо

Армуғони Наврӯза

“11-июни соли 2021 рӯзи фаромӯшнопазир аст бароям”, – мегӯяд Наврӯза Мамирова. Воқеан ҳам, Наврӯза дар синни 25-солагиаш дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, иштирок карда, аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониву шеърхонӣ намуд. Суханронии саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷон ва таъсирбахш толори Қасри Арбобро гӯё ба ларза овардааст, зеро баромади ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам бо забони тоҷикӣ буду ҳам узбекӣ. Имрӯз ин духтари деваштичиро на фақат дар Тоҷикистону Узбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки Шавкат Мирзиёев аввалин ро...
Оилаи омӯзгорон
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Оилаи омӯзгорон

Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Темурмалик оилаи Раҳмоновҳоро оилаи омӯзгорон меноманд, зеро ки аъзои ин оила касби омӯзгориро пешаи худ намуда, солҳост, ки барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро мегузоранд. ОМӮЗГОРИ НАВОВАР Ҳилолбӣ Азимова 21-июни соли 1966 дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1983 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаро хатм намуда ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ба факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуд. Сипас, соли 1987 Донишгоҳи номбурдаро бомуваффақият хатм намуд. Ҳилолбӣ фаъолияти омӯзгорияшро ба ҳайси омӯз­гори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 оғоз намуд. Ӯ дар давраи фаъолияти кориаш худро ҳамчун омӯзгори навовар ва бомасъулият дар байни ҳай...
Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик

Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025, ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷавондухтари тоҷик Мадина Қурбонзода соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ бо мағлуб кардани ҳарифи чиниаш дар вазни 52 кг дар таърихи ҷудои кишвар аввалин паҳлавонбонуе шуд, ки медали биринҷии Grand Slam-ро ба гардан овехт ва номи худро дар таърихи варзиши тоҷик муҳр зад. ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ АВВАЛ Дар Dushanbe Grand Slam 2025 паҳлавонони тоҷик аз ҳисоби теъдоди нишонҳо миёни 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи олам бо гирифтани 11 нишон (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи аввал қарор гирифтанд, ки дар таърихи ҷудои кишвар чунин нишондод маротибаи аввал аст. Нишонҳои тиллоро Эмомалии Нуралӣ (66 кило), Муҳиддин Асадуллозода (73 кило), Сомон Маҳ­мадб...