БОНУВОНИ МУВАФФАҚ

Аз табори хуршед
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Аз табори хуршед

Исфара – шаҳри дилангезест бо симои ҷавон, таърихи кӯҳан ва мардумони заҳмат­писанду фарҳангдӯст. Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек сокинони ин гӯшаи ватани биҳишосоямонро ҳамсафари ҳамешагӣ аст. Хидмат ба халқу Ватан мароми зиндагиашон мебошад. Исроил Файзиддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳофизи хушадои диёр, шаст соли умри пурбаракати худро ба хидмат ба халқу ватан бахшида таронаҳояш ба дилу дидаи дӯстдорони ҳунар роҳ ёфтааанд. Ин ҳунарманди соҳибдил на танҳо дар олами ҳунар шахсияти маҳбуб аст, балки дар зиндагӣ низ инсони хушбахт мебошад, зеро фарзандони накуахлоқу донишманд дорад. Нахли дӯстии моро бо Фараҳноз Исроилзода  маҳз ҳунари нотакрори падари бузургвораш пайванд дод. Вақте огоҳ шудам, ки ӯ духтари ин ҳофизи хушхону некном аст, эътимоду бовариам ба фарҳ...
Соҳибэҳтиром
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Соҳибэҳтиром

Субҳи содиқ, бо тулуи нахустин нурзарраҳои хуршед Зикамо аз пайи анҷоми кору бори рӯзгор аст. Ӯ модари шаш фарзанд ва ҳашт набера аст. Илова ба рисолати ҳамсарию модарӣ, ҳамчун роҳбар масъулияти тарбияи насли наврасро бар дӯш дорад. Ин бонуи чолоку чаққон, кордон ва масъулиятшиносро дер боз мешиносаму эҳтиромаш мекунам. Ӯ ҳамчун бонуи фаъол ва кордон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Инак, каме аз зиндагинома ва фаъолияти кории ин бонуи муваффақ ҳарф мезанем. Шукурова Зикамо Раҳмоновна дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмаликро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо шавҳараш Отубинуло Шарипов ва аҳли фарзандон дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ заҳмат кашида, рӯзгори хешро пеш мебурд. ...
Лабони модарон пурханда бошанд
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Лабони модарон пурханда бошанд

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз шоирони бузурги муосири тоҷик мебошад, ки ашъораш ҳамнавои дили мардум аст. Донандагони осори Лоиқ ӯро шоири зан, замин ва зиндагӣ меноманд, зеро дар шеъри муосири тоҷик беҳтарин тавсифи Зан-Модар, дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар осори ин шоири беназир таҷассум гардидаанд. Устод Лоиқ умри кам дид, ҳамагӣ 59 сол, вале осори гаронбаҳое аз худ ба мерос гузошт. Дар замони зиндагиаш беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба нашр расиданд ва нашри китобҳои ӯ пас аз маргаш низ идома доранд. Ҷилди аввали “Куллиёт”-и шоир бори аввал соли 2000 ва баъдан соли 2006 дар Теҳрон ва ахиран соли 2008 дар Душанбе ба табъ расидааст, ки ҳамаи ашъори шоирро фаро гирифтааст. Вале бо гузашти чанд сол маълум шуд, ки чанд...
Дарси зиндагӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Дарси зиндагӣ

Бешак, сароғози ҳар коре аз шавқ ва завқи беандозаи шахс нисбати амали нек ва анҷоми хайр маншаъ мегирад. Интихоби касбу ҳунар ҳанӯз аз дидгоҳи кӯчаки олами тахаюллоти бачагӣ то ба синни камол рушд мекунад. Инсон давоми умри бобаракати хеш аз самараи донишу таҷриба ва маҳорату истеъдоди худ дар ҳаёт баҳравар мегардад ва барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ амал мекунад. РОҲҲО - ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО Гуландом Қаландарова - дастпарвари факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳсилкардаи солҳои 1980-1985 мебошад. Гуландом ҳамчун ҳодии роҳ байни кӯчабоғҳои деҳаи хушманзараи Ганҷбор ва Шаҳдбор барои таълим додан, илм омӯхтани шогирдони муассисаи таълимии рақами 139-и шаҳри Ваҳдат тайи 40 сол масофаи ду километр роҳро субҳу шом тай менамояд. Ишораи Лоиқи зиндаёд дар ин бора хеле ...
Рисолати шаҳрвандӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Рисолати шаҳрвандӣ

Дар шароити ҷаҳони муосир падидаву зуҳуротҳои номатлуб ва равандҳои номуносибе зуҳур кардаанд, ки боиси азбайнравии давлатҳову кишварҳо гашта истодааст. Яке аз ин зуҳуроти хавфнок ва доғи рӯз коррупсия ё худ фасоди молиявӣ мебошад. Таҳлилҳои кишварҳои буҳронзадаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки ҳамин вабои аср, яъне коррупсия­ро нодида гирифта, сабаби заволи давлатдорӣ ва ҳатто нестшавии бисёре аз кишварҳо гардидааст. Воқеан, коррупсия ва омилҳои ба коррупсия алоқаманд барои рушди иқтисодиёт, сатҳи не­ку­аҳволии мардум, таъмини волоияти қонун ва пешрафти ҳар як кишвари соҳибистиқлол монеа эҷод карда, нобоварӣ ва бенизомиро ба вуҷуд меорад. Ин аст, ки ин падида имрӯз яке аз масъалаи асосии байналмилалӣ буда, ҷиҳати коҳиш додани он талошҳои дастаҷамъона амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад, ...
Занони тоҷик дар ҶБВ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Занони тоҷик дар ҶБВ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз саҳифаҳои хунини таърихи башарият мебошад. Мардуми тоҷик, гарчанде садҳо километр дур аз хатти ҷанг қарор доштанд, вале аз даҳшати он эмин намонданд. Наздик ба 300 ҳазор (аз 5 як ҳиссаи аҳолӣ) фарзандони далери тоҷик дар ин ҷанг ширкат варзиданд ва 92 ҳазор нафарашон дар майдони ҳарб ҷон бохтанд. Занону модарони диловари тоҷик ҳам дар он даврони душвор бетарафиро ихтиёр накарданд, балки ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ақибгоҳ корномаҳои беназир нишон доданд. Дар бораи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми Тоҷикистон дар он китобу рисола ва мақолаҳои зиёде таълиф гардидаанд. Асарҳои адабӣ эҷод шуда, филмҳову намоишҳо офарида шуданд. Вале мавзуи нақши занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мавзуъҳое аст, ки то имрӯз ҳамаи паҳлуҳои он п...
Роҳ ба сӯйи камол
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Роҳ ба сӯйи камол

Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз маъмурияти мактаб ба Сафармоҳ супориш доданд, ки сенария омода намуда, баъди дарсҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ барномаи идонаро машқ кунад. Сафармоҳ зуд аз пайи кор шуд, зеро ӯ ҳамчун омӯзгори фаъолу ташкилотчӣ дар ҳамаи ҷашнҳои мактабӣ саҳмгузор аст... Сафармоҳ Буракова соли 1999 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2017 баъди хатми мактаби миёнаи №3 тибқи квотаи Президен­тӣ ба факултети педагогикаи ДДОК ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуд. Азбаски орзуҳои ҷавонияш амалӣ шуданд, зуд бо ҳамсабақон унс гирифта, аз пайи омӯзиш шуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дода тавонист. Мудом дар чорабиниҳо ва озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мешуд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қ...
Аввалин  рӯзноманигорзани тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Аввалин рӯзноманигорзани тоҷик

Музаффара Қосимова яке аз аввалин бонувони қаламкаши тоҷик мебошад, ки дар матбуот фаъолият кардааст. Ӯ дар саргаҳи таъсиси маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза») қарор дорад. Роҳи тайкардаи ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат буда, кору пайкораш аз дифои ҳуқуқу озодии занон ҳикоят мекунад. Мавсуф 5 майи соли 1907 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абдуллоҷон Абдухолиқов, шоир ва хаттоти машҳури Самарқанд таваллуд шудааст. Музаффара ҳамроҳи бародаронаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло дар мактаби усули нави форсии тоҷикии Абдуқодири Шакурӣ таҳсил намудааст. Дар 18-солагӣ ҳамроҳи ҳамсараш Абдуҳаким Қосимов, дастпарвари Дорулфунуни коммунистии халқи Шарқ, барои таҳсил ба омӯзишгоҳи меҳнаткашони шаҳри Москва рафт. Бо ғалабаи ҳокимияти шуроӣ муҳити зиндагии одамон тағйир ёфта, аллакай, тоби...
Бемории қалб  ва роҳҳои пешгирии он
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Бемории қалб ва роҳҳои пешгирии он

Солҳои охир аксарият аз бемории қалб шиква мекунанд. Табибон бемориҳои марбут ба дилу рагҳоро бо вайрон шудани кори муққарарии дил пайванд медонанд. Барои пешгирии бемориҳои қалб ва солим нигоҳ доштани он суҳбате дорем бо табиби қалбшинос Тоҷинисо Хушмаҳмадова. Даричаи ошноӣ Хушмаҳмадова Тоҷинисо Олимхоновна соли 1988 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардааст. Солҳои 2012-2013 интернатураро бо ихтисоси кардиолог дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои даруна ба итмом расондааст. Аз соли 2013 то ҳол ҳамчун табиби бемориҳои қалб кору фаъолият дорад. –Ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза” дар б...
Гурдофариди замон
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Матбуот

Гурдофариди замон

Зани тоҷик аз азал бо далериву ғаюрии хеш дар баробари мардони шуҷоъ дар ҳифзу ҳимояи Ватан нақш гузоштааст. Имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо идомадиҳандаи роҳи Гурдофариди қаҳрамон зиёд ҳастанд ва барои ободии кишвар дар ҳама соҳаҳо нақш мегузоранд. Аз ҷумла, бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ либоси низомӣ ба бар карда, китф ба китфи ҷавонмардон истода, дар хизмати Ватан ҳастанд ва барои осоиштагии мардум талош меварзанд. Аз ҷумла бонувон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолияти назаррас доранд... Дар баробари мардон Ба хотири он ки мо то субҳ ором бихобем, нафароне ҳастанд, ки бедорхобӣ мекашанд. Барои он ки мо дар амният зиндагӣ кунем, гурӯҳе пайваста дар такопӯ мебошанд. Ин нафарон бешак корманди милитсия ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро зери назорат доранд ва барои зиндагии осоиш...