Рамзу рози “Актриса”
14-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Актриса” пешкаши тамошобин гардид. Ин намоишро коргардон Қамариддин Мирзоев таҳия карда, нақши ягона ва асосиро ҳунарпешаи шинохта Зарина Бадалова иҷро мекунад.
Дар бораи намоиш
Моноспектакли “Актриса”-ро коргардон Қамариддин Мирзоев чанд сол қабл аз рӯйи асари нависандаи қазоқ Карина Шадимова таҳия карда буд. Ин моноспектал аз рӯзҳои аввал диққати ҳам мутахассисон, ҳам тамошобинон ва ҳам аҳли ҳунарро ҷалб намуд. Дар бораи он назарҳои мухталифро шунидаву хондаем, ки муваффақияти ин намоиш аст.
Намоиши мазкур соли 2018 дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Пространство юных» ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби 5 мукофот шудааст: 3 ҷоиза – “Беҳтарин кори ...










