Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар Бадахшон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Дар Бадахшон ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд

ДУШАНБЕ, 06.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими қадрдонии варзишгарон, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот.Гуфта шуд, ки ҳанӯз аз оғози солҳои аввали истиқлолият ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсат ва диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуданд. Дар доираи қабул ва татбиқи якчанд барнома, консепсияю стратегия дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳсил ва маърифатнок намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир амалӣ шуданд.Таъкид шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ...