
КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУН, ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ ВА САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд.
Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб гардида, шаҳодати ин нукта озодии баён дар Тоҷикистон аст. Ин санади олии ҳуқуқӣ муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тули 30 соли амал, муносибатҳои шаҳрванд ва давлатро дар шароити муосири давлатдорӣ ба танзим медарорад.
Бо шарофати қабули Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон зиндагиву рӯзгори хешро ба қонунҳои милливу башарӣ мутобиқ намуда, ба ин васила, дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ муаррифӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо таъкиди нақши бузургу таърихии Конститутсия эҳтиром ва риояи меъёру муқаррароти онро зарур шумурда, аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».
Барҳақ, ин санади олӣ роҳи пешрафти минбаъдаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ва ҳадафҳои рушди миллиро муайян намуда, Тоҷикистон тавассути ин бахтнома узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ гардид ва сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ монд. Тибқи Конститутсия ҷавҳари сиёсати берунаи моро татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар давлатҳои ҷаҳон ташкил медиҳад.
Ин ҳуҷҷати ҳуқуқии тақдирсоз принсипҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистонро эълон намудааст. Бо вуҷуди он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти печидаи низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул шуд, аз ҷониби доираҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ мазмун ва муқаррароти он сазовори баҳои баланд гардид.
Конститутсия шоҳсутун, шиносномаи миллат ва санади тақдирсози халқи тоҷик мебошад. Он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо гузошт.
Озодамо Қодирова,
омӯзгори Коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе
