
Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии Тоҷикистону Беларус аз 24 то 27 ноябри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар Вазорати фарҳанг
ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҳайат,баргузор намудани Рӯзҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
