ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024

ДУШАНБЕ — 27 ЯНВАРИ СОЛИ 2025 ( соати 08:00)

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда, дар ин зимн, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
ЧОРАБИНИҲО. Соли 2024 дар маҷмуъ 191 чорабиниҳо доир гардида, дар ин зимн, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Рашт, Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои муштараки “Шоми дӯстӣ” бо ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Давлати Кувайт, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо дар ҳошияи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ “Бозори ҳунар”, Фестивал-симпозиуми байналмилалии “Шашмақом”, Фестивали намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвони “Ганҷинаи мерос”, Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд” ва дигар барномаҳои фарҳангӣ аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар ин давра маҳсуб меёбанд, ки муассисаҳои консертӣ ва дастаҳои ҳунарии вазорат дар доираи ҷашнҳои давлативу миллӣ ва барномаҳои тадорукотӣ-ташрифотӣ баргузор намуданд.
Вазорати фарҳанг дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳои кормандони раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳангро бо усули «Деҳа ба деҳа» роҳандозӣ намуд, ки дар доираи он 3 361 чорабинии фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор карда шуданд.
МУАССИСАҲОИ ТЕАТРӢ-КОНСЕРТӢ. Дар театрҳои касбии кишвар 63 асари нав саҳнавӣ гардид, ки дар қиёс ба соли 2023 — 10 намоиш зиёд аст. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 26 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 37 намоиш ба тамошобинон пешкаш гардид.
Муассисаҳои театрӣ-консертӣ сафарҳои эҷодии ҳунариро дар 3 вилоят ва 55 шаҳру ноҳияҳо ташкил намуданд, ки он аз 12 намоишҳои театрӣ ва 25 барномаҳои консертӣ иборат буд. Соли 2024 аз ҷониби Шӯрои бадеии вазорат 95 матну асарҳои драмавӣ, мусиқӣ ва рассомӣ харидорӣ карда шуд.
Сирки давлатии Тоҷикистон 52 намоишро пешниҳоди тамошобинон гардонид.
ОЗМУНҲО. Дар ин давра аз ҷониби вазорат 12 озмунҳои ҷумҳуриявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Аз ҷумла, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», «Гулзори маърифат», «Чароғи ҳидоят», «Шоҳномахонӣ», “Китоби сол-2024” ва ғайраҳо доир гардиданд.
Дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 5 302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2 755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст.
Дар даври дуюми Озмун аз 2 755 нафар довталаб 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоии озмун аз 525 довталаб 473 нафар ширкат варзида, 118 нафар бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 6 нафар, вилояти Хатлон 16 нафар, вилояти Суғд 32 нафар, шаҳри Душанбе 56 нафар, аз ҷумла 5 Шоҳҷоиза ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 нафар довталабон ғолиби озмун шуданд.
ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ФАРҲАНГӢ. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 50 иншооти таъиноти фарҳангӣ азнавсозӣ ва сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин радиф, 4 иншоот дар шаҳри Душанбе, 4 иншоот дар ВМКБ, 10 иншоот дар вилояти Суғд, 12 иншоот дар вилояти Хатлон ва 20 адад иншоот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод, шаҳри Истаравшан ва бинои қасрҳои фарҳанг дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Тоҷикободу А.Ҷомӣ, коллеҷҳои санъати ба номи А.Бобоқулов ва хореографияи ба номи М. Собирова, мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим дар шаҳри Душанбе, мактаби бачагонаи санъати ба номи Мухтор Ашрафӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби бачагонаи санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маҷмааи Қалъаи Хуҷанд, ҳамзамон гузоштани санги асоси сохтмони бинои Вазорати фарҳанг, театри ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва қасри фарҳанги ноҳияи Лахш, ба истифода додани бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев пас аз таъмиру таҷдид ва дар ин ҳошия баргузор гардидани мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли фарҳанг, аз қабили он падидаҳое мебошанд, ки соли 2024 сурат гирифтанд.
ФАЪОЛИЯТИ ИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГӢ. Ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2614 муассисаи соҳаи фарҳанг аз ҷумла, 1363 китобхона; 74 осорхона; 9 муҷтамаъ, мамнуъгоҳ ва осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ; 69 қасри фарҳанг; 670 хонаи фарҳангӣ; 18 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ; 101 боғи фарҳангию фароғатӣ; 10 филармонияи халқӣ; 25 театри халқӣ; 18 театрҳои касбӣ; 13 муассисаи табъу нашр; 5 амфитеатр; 2 театр студия; 1 сирк;1 агентӣ; 2 муассисаи илмӣ; 2 маркази сафарӣ; 117 ансамблҳо ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумла, шашмақомхонон 16, фалаксароён 8, тарона ва рақс 22, рақсӣ 19, эстрадӣ 8, фолклор-этнографӣ 12, оилавӣ 7, созҳои миллӣ 7, карнайнавозон 2, доиранавозон 1, ҳаҷв 2; 6 радиои маҳаллӣ, 2 оркестр; 3 муассисаи таҳсилоти олӣ; 5 коллеҷи ҷумҳуриявӣ; 88 мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ; 5 КВД ва ҶСК ва13 студияи сабти овоз ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъ дар самти фаъолият ва хизматрасониҳои муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби коршиносони вазорату идораҳо мониторинг аз рӯи 12 самт баргузор гардид. Натиҷаи мониторинг дар ҷаласаҳои сайёри Вазорати фарҳанг дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони соҳа ва муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардиданд.
ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ. Дар ҷумҳурӣ 74 китобхонаи марказӣ ва 1 290 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ бо фонди умумии зиёда аз 8 49696,2 нусха нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ (бе назардошти фонди Китобхонаи милли Тоҷикистон), наздики 4 000 китобхонаи мактабӣ, 77 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқи касабавӣ фаъолият доранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор ҳамзамон 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4 580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст.
Дар давраи ҳисоботӣ китобхонаҳои давлатию оммавӣ 29 895 намоишҳои китобӣ, хулосаҳои библиографии китобҳои тозанашр, вохӯрию сӯҳбатҳо, ҳамоишҳои илмӣ, муаррифии китобҳо, чорабиниҳои адабию бадеиро вобаста ба санаҳои таърихӣ ва фарҳангию сиёсӣ бо фарогирии 690 136 нафар ташкил намуданд. Шумораи умумии аъзои доимии китобхонаҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 2 638 793 нафар ва диҳиши китоб дар ин давра 1 663 389 адад адабиётро ташкил дод.
ОСОРХОНАҲО. Фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ (якҷоя бо фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хона- музейҳо) 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангиро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 173 396 адад нигораҳо дар Осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 286 сайри осорхонавиро бо фарогирии 134 584 нафар тамошобин, аз ҷумла 7584 сайёҳони хориҷӣ доир намуда, дар ин зимн, дар самти фаъолияти илмӣ 59 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, 5 конфронс ва 24 мизи муддавар баргузор карда шуданд.
МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ. Соли 2024 шаҳри Истаравшан ба узвияти Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуда, вобаста ба ин рӯзҳои 1-3 октябри соли 2024 нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» доир карда шуд.
Дар иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон «Ҷашни Меҳргон» ва ҳамчунин номинатсияии дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон «Санъати сохту навохтани рубоб» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Айни замон, корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои «Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи «Тоқӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО идома дошта, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил шуда истодааст.
Дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома дошта, Парвандаи номинатсионии “Хуттали қадим” бо фарогирии 11 (ёздаҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Барои баргузории таҳқиқотҳои бостоншиносӣ аз ҷониби вазорат 26 иҷозат ба олимону бостоншиносон дода шуда, 2 ёдгории нав дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент кашф гардиданд.
ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТ.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97 “Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” 198 рӯзнома, аз инҳо 130 давлатӣ ва 68 мустақил, 158 маҷалла, аз инҳо 130 давлатӣ ва 28 мустақил, 100 матбаа, аз инҳо 23 давлатӣ, 77 мустақил, 31 нуқтаи фурӯши китоб, аз ин 1 давлатӣ, 30 мустақил, 10 нашриёт, аз ин 5 давлатӣ ва 5 муастақил, 6 агентии иттиллоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил дар вазорат ба ҳисоб гирифта шудааст.
Муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра дар маҷмӯъ 212 номгӯй китобҳои бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ва таълимиро бо теъдоди 78750 нусха ба табъ расониданд.
Тавассути ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб” дар маҷмуъ 52 номгӯй китоб бо теъдоди 19447 нусха ба тариқи ройгон ба 562 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дода шуд.
Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки дар он ноширон аз 8 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, дар он беш аз 5 ҳазор китоб аз 120 нашриёти ватаниву хориҷӣ дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, илмӣ, донишномаӣ, таърихӣ, ҳунарӣ ва китобҳои кӯдакона барои дӯстдорони китоб пешниҳод шуд.
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» дар шаҳри Москва китоби «Қонуни тиб»-и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино барандаи Шоҳҷоиза гардида, дар маҷмӯъ ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ соҳиби 12 ҷоиза ва мақоми ифтихорӣ гардиданд.
Дар ин давра Википедияи тоҷикӣ 1 453 мақолаи нав ворид ва беш аз 7000 мақолаи пеш боргузоришуда таҳрир карда шуда, ҳамзамон, 48 шаблон, ки дар рафти кор ба Википедияи тоҷикӣ зарур буд, сохта ва баъзе аз шаблону модулҳо ва абзоракҳо азнасози карда шуданд.
Аз ҷониби вазорат дар ин давра таҷҳизоти техникӣ -120 маҷмӯ, китобҳои бадеӣ — 27772 ва маводи таълимӣ — 6300 адад ба муассисаи табъу нашр ва матбуот, китобхона ва раёсату шуъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру навоҳӣ дастрас гардид.
ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ИЛМӢ. Ходимони илмии сохтори вазорат 224 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ, аз он 131 китобу маҷмӯаи мақолаҳо, 37 мақолаи илмӣ, 120 мақолаи илмию оммавӣ, 54 нашри электрониро ба табъ расониданд. Дар соли 2024 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шуд.
Ҳамзамон дар ин давра, 4 нафар рисолаи номзадии худро вобаста ба соҳаи фарҳангу санъат дифоъ намуданд, ки ин потенсиали илмии соҳаи фарҳангро мустаҳкам менамояд.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ 9 санад бо Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Италия ба тасвиб расид.
Намояндагони аҳли эҷод ва ҳунари ҷумҳурӣ дар 45 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар 18 кишвари дунё баргузор гардиданд, ширкат варзида, дар ҷумҳурӣ 15 чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои театрию консертӣ ва Сирки давлатӣ ба 17 кишвар (Ӯзбекистон, Беларус, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Британияи Кабир, Испания, Олмон, Фаронса, Корея, Малайзия, Чин, Кувайт, Мисри Араб) 32 сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ. Дар соли 2024 ба 35 нафар муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном пешниҳод гардиданд, тибқи «Тартиби бақайдгирии асарҳои муаллифон» шаҳодатнома дар бораи ба қайд гирифтани асарҳои илм, адабиёт ва санъат дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *