1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид
1-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури...



