ХИРАДМАНД ҲАРГИЗ НАКӮШАД БА ҶАНГ…

«Вақте бо пешниҳоди Раиси тозатаъини Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қумондонҳои саҳроӣ аз ду тараф дар кори Иҷлосияи XVI ширкат карда, баъдан, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд ва чун рамзи арҷгузорӣ ба якпорчагии ватан ва итоат ба қонун парчами кишварро бӯсиданд ва сари оши оштӣ нишастанд, мо ба ояндаи Тоҷикистон умед бастем…», – мегӯяд Гулафзо Савриддинова.

РУҶУИ АВВАЛ

ХИШТИ НАХУСТИНИ СУЛҲ
Гулафзо Савриддинова ҳар гоҳе аз воқеаҳои солҳои 90-ум суҳбат мекунад, нахуст аз сулҳ мегӯяд, зеро ӯ на танҳо шоҳиди он рӯзҳои ҳассос, балки аз онҳое буд, ки дар мавриди сарнавишти миллат тасмим мегирифтанд. “Замоне, ки қадамҳои аввалини худро дар роҳи истиқлол мегузоштем, мушкилиҳо зиёд буд. Он замон ман муддати қариб 9 сол роҳбарии ноҳияи Исфараро ба дӯш доштам. Баъдан, ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудам. Албатта масъулияти чунин вазифа хеле зиёд буд, вале бояд кор мекардем ва кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот медодем”, — мегӯяд ӯ.
Вақте аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мепурсем, ба андеша фурӯ меравад. Ангор хотироташро варақгардон кардаву мегӯяд: “Ман, ки худ шоҳиди бевоситаи ин ҳодисаи таърихӣ ҳастам, ҳар як рӯзу соати ҳамон лаҳзаҳои ҳассос пеши назарам падид меояд. Баъди аз тарафи мансабхоҳони алоҳида ва таъсири омилҳои берунӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, хавфи ба қисматҳо ҷудо шудани он ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омад. Вазъият муташанниҷ шуд. Дар ҳамин вақт, баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миллати моро аз парокандагӣ наҷот дод. Зеро, дар ҳамин маъракаи муҳим, мо сарвари кишварро интихоб кардем ва қадами нахустинро барои сулҳ гузоштем…”

ЭЪТИМОД БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
– Дар яке суҳбатҳоятон гуфтаед, ки аз ибтидо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод доштед. Решаи ин боварӣ дар чӣ буд?
– Бале. Вохӯрии нахустини ман бо Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат иттифоқ афтод. Вақте ҷавони нуктафаҳму суханвар, хеле боҷуръату босаводона ва самимиву дилсӯзона аз минбар суханронӣ мекард, мо сиёсатмадорони ботаҷриба ба ӯ бовар кардем. Минбаъд, дар ҷаласаҳои кумита мудом масъалагузорӣ мекард, ҳамеша дар фикри он буд, ки мо ҳамчун намояндаҳои халқ ба мардум чӣ сабукиҳо оварда метавонем, таъкид мекард, ки вазифаи аслиамон ҳамчун намояндаи мардум хизмати содиқона ба халқ аст. Ҳар як баромаду суханрониаш тозагиҳо дошт ва аз ҳама муҳим, самимият доштанд. Баъдан, дар суҳбатҳои эшон ӯро бештар шинохтем.
– Дар суҳбатҳои хоса чиҳо мегуфтед?
– Эшон ҳамеша, дар ҳама гуна муҳит, дар вохӯриҳои расмиву ғайрирасмӣ мудом таъкид мекарданд, ки мо бояд маҳалгароиро аз байн барем, коре кунем, то тамоми минтақаҳои Тоҷикистон якҷо шаванд. Мо, вакилонро ба якдилӣ, якмаромӣ даъват менамуданд. Мегуфтанд, ки барои кам кардани зуҳуроти маҳалгароӣ, қабл аз ҳама, моро мебояд, ки нахуст худ муттаҳид бошем. Баъзан, ҳатто, шӯхиомез мегуфтанд, ки мо бояд аз минтақаҳои гуногун келин гирем, домод кунем, муносибатҳои хешутаборӣ барқарор кунем, то маҳалгароӣ кам шавад. Маҳз, ҳамин суханҳо чунон таъсирнок буданд, ки ҳар кадоми мо дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ аз ин пешниҳодоти вакили Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, мардумро ба сулҳу муттаҳидӣ даъват мекардем.

ДУ ХОТИРА АЗ ИҶЛОСИЯ
– Кадом баҳсҳои Иҷлосия бештар дар ёдатон мондааст?
– Ман дар бисёр масъалаҳо изҳори назар мекардам. Зеро он замон ҳар масъалае, ки дар Иҷлосия баррасӣ мешуд, муҳим буд. Яке аз масъалаҳои асосӣ – ин қабули сохти давлатдорӣ буд: президентӣ ё парлумонӣ? Масъала ҳалли худро ёфт. Раиси Шурои Олӣ ҳамчун сардори давлат тасдиқ шуд.
– Кадом лаҳзаи Иҷлосияро фаромӯш намекунед?
– Вақте бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қумондонҳои саҳроӣ аз ду ҷониб ба толор даъват гардида, якдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар саҳни ҳавлии Қасри Арбоб дар сари дастархони оши оштӣ ба ҳам омаданд. Роҳи тулонӣ ва душвори сулҳи тоҷикон аз ҳамин лаҳзаҳо оғоз шуд, ки хишти нахустини онро маҳз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд.
Ҳамон замон устод Муҳаммад Осимӣ байтеро аз Абушакури Балхӣ хонда буданд, ки то имрӯз аз ёдам намеравад:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

– Ба андешаи шумо аҳаммияти баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва сабақи он дар чист?
– Наҷоти миллат ва пойдории давлат. Ман хуб дар хотир дорам, ки бо чӣ қадар заҳматҳо зиёда аз 1 миллион ҳамватани мо аз ғурбат ба Ватан баргардонида шуданд. Хонаҳои гурезагон, ки аксар оташ задаву вайрону валангор шуда буданд, дар муддати кӯтоҳ ҳамагӣ барқарор шуданд. Магар метавон он рӯзҳоро аз ёд бурду шукргузор аз имрӯз набуд? Албатта, не!

РУҶУИ ОХИР
САБАҚИ СУЛҲ
Гулафзо Савриддинова Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистонро ҳамоиши саодати миллат арзёбӣ мекунад ва мегӯяд: “Иҷлосия Пешвои миллатро ба майдони сиёсат овард. Ҷаноби Олӣ аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсат омадан, бо сари баланд изҳор доштанд: “Ман ба мардуми Тоҷикистон сулҳ меорам”. Эшон ба ваъдаи худ вафо карда, на фақат ба мардуми тоҷик сулҳ оварданд, балки кишварро аз харобшавӣ нигоҳ доштанд ва барои пешрафташ тамоми тадбирҳоро андешиданд. Ба ин рӯзҳои шодиву хурсандӣ, ба ин зиндагии арзанда расидани мардуми Тоҷикистон натиҷаи меҳнатҳои чандинсола ва бисёр бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”.

О. СОҲИБЗОДА

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *