
Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни суннатии мо – Меҳргон расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ сабти ном шуд. Имрӯз дар ҷаласаи 19 уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Асунсйони Парагвай ҷараён дорад, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶИ Эрон “ Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуда, инчунин номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, ҶИ Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
