Ялдо: Хуршеди тобон дар бағал

Чилла рӯзи аввал аз моҳи даҳуми солшумории офтобӣ – Дай аст ва онро рӯзу шаби нахустини сармо ва фасли зимистон мешуморанд. Офтоб дар бурҷи Ҷаддӣ қарор мегирад. Даймоҳ дар гоҳшуморӣ ва назди бузургони куҳан баргузида ва аз моҳу сифатҳои муқаддас будааст.

 Дар гоҳномаи хуршедӣ рӯзи аввали ҳамаи моҳҳо Ҳурмуз номида мешавад. Рӯзи нахустини Дай низ ҳамин номро дорад ва дорои хосиятҳои нек аст, вале ҳар моҳ вобаста ба гардиши сол тағйири ҷой мекунад. Ҳурмузи моҳи Дай бо шабе рост меояд, ки бинобар хосияту аломатҳояш шаби Ялдо унвон гирифта ва оғози Чилла мебошад.

Чаро Чилла мегӯему Ялдо? Мешавад онҳоро ҳаммаъно ва муродифи якдигар хонем? Агар исрор намоем, ки Ялдо ҳамон Чилла будааст, оё ба иштибоҳ роҳ намедиҳем?

Нахуст, ки аз даврони қадим ва унвони анъанавии рӯзу шаби аввал Чилла будааст. Бо гузашти асрҳо, шояд пас аз ҷойгузин шудани ислом истилоҳи Ялдо ба муомилот ворид шуд. Ва бо таъсири пажӯҳандагони Эрону Афғонистон «ялдо» дар чанд соли охир мумтоз гардид, ки тақрибан дар ҳама ҷо садо медиҳаду талқин мешавад. Аммо дар забони мардуми кӯҳистон ҳамоно Чилла боқист.  Воқеият аст, ки ҳар ду дар миёни муҳаққиқон ва насли ҷавон роиҷ мебошанд.

Дар ин сурат, ба чанд нукта бояд рушанӣ андохт. Аз назари мавқеъ ва моҳият мебояд Шаби Ялдо гуфт ва оғози Чилла. Агар Ялдо як шаб (баъзан, се шаб устувор ба анъанаву маросими мардумӣ) бошад, пас Чилла оғози марҳилаи тақсимшуда аст, ки ду моҳ (Чиллаи калон 40 рӯз ва Чиллаи хурд 20 рӯз) идома мекунад. Яъне Ялдо ҳодисаи табиист, ки як шаб (дарозтарин ва зулмонӣ) умр дорад. Дар ин маврид, Ялдо ва Чилла як ҷойгоҳ надоранд. Аз сифатҳои ториктарину шумтарин шаб, ки ба зуҳури Хуршед монеъ мешавад, Ялдо ҷудогона аст. Дар ин шаби зулмонӣ, ки архетип аст неруҳои аҳуроӣ бо кумаки инсонҳои накухислату амалҳои ҳамида Офтобро аз қувваҳои аҳриманӣ — деву ҷинҳо мераҳонанд. Ялдо ва Чилла ҳам рамзу намоданд.  Чилла марҳилаи муҳимместу марҳилаи наҷотбахш. Дар ин муддат Офтоб тову тавон мегирад.

Чилла аз ҷойгоҳи донишҳои астрономӣ падидаи хеле муҳим ба шумор рафта, дар заминаи ҳодисаи табиӣ дар як сол ду бор, тобистону зимистон такрор мешавад. Чуноне гуфта шуд, ин ҳаводисро Офтобдархона меноманд. Аз рӯйи пажуҳиши донишмандон дар Хунзу Нагар ва Гилгит ин ҳолатро Офтобист (яъне таваққуфи Офтоб) мегӯянд. Вале Ялдо танҳо хоси фасли дай (зимистон) будааст. Дар ҳамин шабу рӯз, ба қавли Абурайҳони Берунӣ ислоҳ дар гардиши фалак зоҳир мешавад ва онро «Иқбол ё Инқилоби Офтоб» гӯянд. Ба таъкиди донишманд ҳамин зуҳуротро беҳтар будӣ, ки оғози сол пазируфтӣ, аз он ки рӯзи эътидолро.

Ҳама давру замон таваҷҷуҳи инсон ба камию костӣ ва афзоишу нумуи Офтоб равона мегардид. Аз эътидоли тирамоҳӣ (21-22 сентябр) то оғози Чилла офтоб мекоҳад ва неруро масраф мекунад, гармӣ надораду нур ва рӯзҳо кутаҳанд. Нуктаи ниҳоии костагӣ ба шаби Ялдо рост меояд. Пас аз он гардиши куллӣ рух медиҳад. Ялдо ба ҳамин падида алоқаманд буда, аз забони сурёнӣ берун омада, маънои таваллуди хуршедро дорад. Аз решаи забонҳои сомӣ: юлад, мавлуд, таваллуд. Дар «Фарҳанги форсии Муин» ба маънои тавлид ва зоиш аст..

Мешавад натиҷа гирифт, ки шаби Ялдо ва оғози Чилла хосияти хонаводагӣ ва ҳамсоядорӣ дошта, бештар ба урфу одат наздик аст. Саҳнаи адои ҷашн хонаҳои мардум аст. Барояш майдони хоссае созмон намедиҳанд, магар ки хони хоси идона. Маросим ба шакли зер сурат мегирад. Дар ҳамин шаб аҳли хонадон дастархон меороянд ва дар ҳифзу васфи Офтоб то субҳ машғул мешаванд. Дар ҳуҷраҳои хосса мардон (ҳамсояву ҳамдеҳагон) гирд меоянд ва он шабро бо шунидани қиссаҳо ва базму тараб ба рӯз мебаранд. Ҷашнвораро метавон иттиҳоди хонавода, авлод ва ҳамдеҳагон баршумурд.

Ҷонибек Асрориён

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *