
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода барои саҳми назаррас дар муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид. Зимни супоридани мукофот Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки тӯли 10 соли охир бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чор маротиба ҳафтаҳои фарҳангӣ (солҳои 2014, 2015, 2016, 2018) ва як маротиба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт (соли 2024) доир гардиданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
