
Мастона Восиева аз зумраи он шахсонест, ки дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ тарбият ёфта, муқаддамтарину муқаддастарин неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ӯ муҳаббати беандоза доштан нисбат ба Ватан – Модар аст. Ӯро падару модари соҳибхираду бомаърифат дар муҳити созгору осоишта бо сад орзую умед ба камол расонда, дар дилаш меҳнатдӯстиву рафоқат парвариш намудаанд…
Падараш хизматчии давлатӣ Гадоӣ Восиев шахси донишманд буд. Ӯ дар вазифаҳои раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор кардааст. Фарзанди яккаву ягонаи хонадон Мастонаи нозанинро ҳамчун гуле дар рухи моҳтоб парвариш карда, ҳамеша ба илмомӯзиву меҳнатдӯстӣ талқин менамуд. Аммо, сад афсус, ки самараи заҳмату меҳнатҳояшро дида натавонист. Яъне умр ба ӯ вафо накарду соли 2011 аз сабаби бемории саратон дунёро падруд гуфт.
«Ман барои амалӣ кардани орзуҳои падари марҳумам талош кардам. Кӯшиш ба харҷ додам, ки фарзанди сазовори падар бошам. Дар ин роҳ хушбахтона, модарам ҳамеша дар паҳлуйи ман буданд» – мегӯяд, Мастона Восиева.
Воқеан, баъди марги падар бори вазнини зиндагӣ бар дӯши модари хонадон Гулҷаҳон Ҷамилова уфтод. Ӯ барои фарзанди ягона нақши модару падарро иҷро кард, то ки умеду орзуи дар дили падар бударо дар амал татбиқ намояд. Ба таҳсили ӯ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамуд.
Мастона баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба факултети журналистикаи ДМТ супорид. Дар давраи донишҷӯӣ ӯ аз дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардидааст. Яъне дар донишгоҳ ҳам миловия (стипендия) ва ҳам кумакпулӣ мегирифт, ки он барои ятимону нимятимон муқарар гардида буд.
«Маҳз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моро ба ояндаи дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Пешвои миллати мо ба нерӯи ҷавонон эътимод доранд, пайваста дар суханрониҳояшон дар мавриди дастгирии ҷавонон суҳбат мекунанд. Ҳидоятҳои падаронаи Сарвари кишвар ҳар як ҷавони бо нангу номусро бе тараф гузошта наметавонад, он таҳрик медиҳад, ки дар мавриди ояндаи Ватан бетараф набошем ва барои ободии он талош кунем» – мегӯяд, Мастона Восиева.
Пас аз хатми донишгоҳ, барои сайқал додани донишу маҳорат ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи магистратураи ДМТ супорида, онро бо ихтисоси сиёсат ва идораи давлат бомуваффақият хатм намуд.
Мастонаи матиниродаро гирифтани дипломи дараҷаи олӣ ҳанӯз қаноатманд накард. Андешаи саҳми арзанда гузоштан дар рушду тараққиёти кишвари азизро, ки ҳамеша дар дил мепарварад, ӯро водор сохт ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи дараҷаи доктор Phd супорад ва имрӯз дар марҳилаи дифои рисолаи илмӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатии Мастона Восиева аз давраи донишҷӯӣ оғоз ёфтааст. Ҳанӯз донишҷӯи курси аввал буд, ки бо идораи барномаҳои субҳи «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамкорӣ оғоз кард. Маҳорати ӯро ба назар гирифта, роҳбарияти телевизион Мастонаро ба кор қабул намуданд.
«Дар кори телевизион муҳим масъулият аст. Барномаи омодакардаи туро ҳамаи мардуми ҷумҳурӣ тамошо мекунанд, ба ҳарфи ту бовар мекунанд ва пайравӣ менамоянд. Бинобар ин, барномаи телевизион бояд ёрирасони мардум бошад, онҳоро ҳидоят намояд ва барои ободиву созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Ин масъулияти бузурге аст» – мегӯяд Мастона.
Дар раванди фаъолият чанд муддат дар идораи барномаҳои саноат ва энергетикаи «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири варзида кор карда, мавзуъҳои муҳимми соҳаҳои саноат ва энергетикаро дар барномаҳои худ баррасӣ карда, бо роҳи тарғиб намудан дар раванди татбиқёбии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат: ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки он, саноатикунонии мамлакат хамчун ҳадафи чоруми миллӣ кӯшидааст саҳми худро гузорад. Ҳоло ӯ дар идораи барномаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ фаъолият дошта, муаллифи барномаи «Тибби тоҷик» мебошад. Роҳбарияти «Телевизиони Тоҷикистон», аз ҷумла, директор Самандар Искандарзода ҳамчун шахси масъулиятшинос, кордону қадршинос заҳмати софдилонаи Мастонаро қадр карда, дар пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ӯро дастгирӣ менамояд.
Ин бонуи хушсалиқа оилаи ба худ созгор ва соҳиби 2 фарзанд буда, кӯшиш менамояд, ки онҳоро дар руҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ тарбият намояд. Зимни суҳбат Мастона чунин иброз намуд: «Мо насли хушбахти замон ҳастем, зеро имрӯз дар фазои ободу осудаи Ватан кору зиндагӣ дорем ва барои донишандӯзиву касбомӯзии мо шароити мусоид фароҳам аст. Мо ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд якдилона зери парчами сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат саф кашида, ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузорем».
Оре, ӯ дар зиндагӣ нақша дорад, ки мисли падараш софдилона ба Ватан-Модар хизмат кунад ва саҳми арзандаи хешро бо сарфарозӣ дар ободиву осоиштагӣ ва рушди давлату ҷомеа гузорад.
Дилшод Ҳакимов
рӯзноманигор
