Занон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони оқилу фарзонаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 32 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон дар тамоми соҳаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин қабул гардиданд:

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5);

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1 марти соли 2005, №89);

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (аз 19 марти соли 2013, №954);

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2015, №801);

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 апрели соли 2021, №167);

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 (аз 27 апрели соли 2022, №204) ва ғайра.

 

Маҳз, натиҷаи ҳамин ғамхорӣ ва дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат саҳм ва фаъолияти занону бонувон дар рушди давлат самаранок арзёбӣ мегарданд.

Зан – бонуи тоҷик дар баробари тарбияи хуб ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзандон, инчунин, саҳми онҳо дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат хеле арзишманд аст.

Хурсандиовар аст, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ҳоло дар кишвар ва берун аз он занону духтарони боистеъдод ва соҳибмаърифат фаъолияти назаррас дошта, сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Бояд зикр намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани мутахассисони соҳаҳои гуногун, бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони кишвар, хусусан, духтарон пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил намоянд, то ки дар оянда бо илму таҷрибаи омӯхтаашон ба манфиати давлату миллати худ хизмат кунанд.

Сарвбону Фарҳодова

сармутахассиси шуъбаи номгузорӣ

ва танзими истилоҳоти КЗИНҲҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *