Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мирзо Турсунзода
Он чӣ, ки дастони пурэъҷози Зан – модар меофарад, олитарин намунаи ҳунар аст. Ба кадом соҳа ва навъҳои ҳунар, ки таваҷҷуҳ кунем, дар онҳо нақши осори ақли равшан, нигоҳи дақиқ ва таҷаллии шамъи истеъдоди занонро метавонем равшан бубинем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саъй кард, ки мавқеи занону бонувон баланд гардад ва шахсияту истеъдоди онҳо ба таври шоиста рушд кунад. Хушбахтона, имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама соҳа садоқатмандона хизмат карда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи тибби ҷумҳурӣ занони мо ҷойгоҳи хос доранд. Ва мо табибон доимӣ саъй мекунем, ки онҳо тандурусту осудахотир ва дур аз дарду ранҷ бошанд, зеро солимии насли ояндасози миллат ба солиму бедард будани онҳо вобаста аст. Соҳибхирад гуфтааст:
Дарди худро аз ду кас пинҳон мадор,
Аз табиби ҳозиқу аз ёридор.
Ҳамчун табиб мехоҳам, ки барои боз ҳам солиму саодатманд шудани занону бонувони тоҷик чанд маслиҳат диҳам:
Аввалан, онҳо бояд хосияти мизоҷи худро донанд, зеро ин огоҳӣ онҳоро аз истеъмол кардани ғизои номувофиқ, ки сабабгори бад шудани саломатиашон мегардад, боз медорад.
Дувум, ба таври доимӣ ба варзиш машғул шаванд, серҳаракат бошанд. Зеро камҳаракатӣ сабаби фарбеҳшавӣ ва коҳилӣ мегардад.
Сеюм, аз хӯрокҳои сунъӣ парҳез карда, бештар сабзавоту меваҳои тарутоза истеъмол кунанд.
Чаҳорум, дар таваллуди фарзанд фосиларо ҷиддан риоя кунанд. Фосила дар байни кӯдакон набояд аз 2,5 сол кам бошад.
Панҷум, бо табибони оилавӣ иртиботи доимӣ дошта бошанд.
Шашум, ҳодисаҳои дар ҷомеа ва зиндагонӣ рӯйдиҳандаро аз нуктаи назари як шахси огоҳ қабул ва баррасӣ кунанд, худро дар оромиш нигоҳ доданд. Зеро андешаи нодуруст ва эҳсоси ноумедӣ инсонро руҳафтода ва аз оянда ноумед мекунад. Мо дар асри тараққиёти диданашудаи техника зиндагӣ мекунем ва ҳамаи офаридаҳои олимон дар хидмати инсонҳоянд. Агар мо он неруи ақлро огоҳона истифода барем ва худро ба раванди рӯйдодҳои ҷомеа мутобиқ созем, доимӣ комёб хоҳем буд.
Тандурустии модарон сарвати миллат аст, зеро ҳамаи корҳои бузургро одамони солим ба сомон мерасонанд. Роҳбари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ки «Соҳибистиқлолии мо мақоми занро дар ҷомеа тадриҷан баланд бардошта, барои онҳо шароити муосиди корӣ фароҳам овардем. Имрӯзҳо занону духтарони тоҷик дар баробари мардҳо барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат хизмат мекунанд.
Дилбар Муҳаммадева
табиб, корманди беморхонаи
марказии ноҳияи Рӯдакӣ
