Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Оид ба пешгирии ин беморӣ суҳбате анҷом додем бо Фирузамоҳ Назарова – духтури беморхонаи Марказии ноҳияи Восеъ.
– Фарбеҳӣ чӣ гуна беморӣ аст ва сабаби пайдоиши он дар чист?
– Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарббандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни инсон нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад. Нафароне, ки ба ин беморӣ гирифторанд бештар ба фишорбаландӣ, диабети қанд, ва саратон дучор мешаванд.
Аввалин сабаби дучор гардидан ба ин беморӣ пурхурӣ мебошад, яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани хурокҳои серғизо ва таомҳои дорои миқдори зиёди каллория, аз қабили маҳсулоти хамирӣ, гӯштӣ, серравған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра.
– Роҳҳои пешгирии бемории фарбеҳӣ дар чист?
– Мо табибон тавсия медиҳем, ки ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ аз маҳсулоти таркиботаш серравған даст кашанд, бештар меваю сабзавот ва кабудиҳо истеъмол намоянд, чунки дар таркиби онҳо неруи зиёд (калория) вуҷуд надорад ва онҳо аз нахҳои ғизоӣ бой ҳастанд.
– Ба бонувоне, ки мехоҳанд дар як муддати кӯтоҳ соҳиби андоми зебо гарданд чӣ маслиҳат медиҳед?
– Ман барои онҳо истеъмоли хӯроке, ки мувозинати организмро халалдор намекунад ва гардиши моддаҳоро тезонида, вазни зиёдатиро рафъ месозад тавсия медиҳам:
Аз сиркои себӣ истифода баред, зеро он гардиши моддаҳоро дар организм суръат мебахшад. Шумо метавонед онро дар хӯришҳои худ истифода баред. Дар интихоби сиркои себӣ боэҳтиёт бошед, ҳамонеро интихоб намоед, ки ҳарчӣ бештар аз моддаҳои кимиёвӣ озод аст.
Чойи кабуд низ душмани фарбеҳист, он бо хосияти зидиоксидантиаш хеле маъруф аст, яъне дар таркиби он витамину минералҳои зидди ҳуҷайраҳои саратонзод мавҷуданд. Нӯшидани чойи кабуди бешакар ба нобудшавии чарбу ва тезонидани гардиши моддаҳо мусоидат мекунад.
Занҷабил мувозинати вазнро нигоҳ медорад. Омехтаи занҷабил ва лиму дар шакли хока, чой ё илова кардани он дар хӯрокҳо ба нобудшавии чарбу мусоидат мекунад, ҳамчунин, сатҳи холестиринро паст карда, баландшавии қанди хун ва зиёдшудани вазнро пешгирӣ мекунад.
Қулфинай низ бадани шуморо аз чарбуҳо озод мекунад, зеро дар таркиби он зидиоксидантҳо хеле зиёд аст.
Мағзи бодом низ ба лоғар шудани шумо кумак мекунад, зеро дар таркиби он қариб тамоми минералу витаминҳои барои ҳифзи саломатӣ зарур мавҷуданд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо маълум гардид, ки онҳое, ки давоми рӯз бодом истеъмол мекунанд, организми онҳо талабот ба истеъмоли қаннодӣ ва хамирӣ кам пайдо мекунад. Ин ҳолат барои лоғаршавӣ мусоидат мекунад. Рӯзона истеъмоли бодом метавонад чарбуҳои қисмати шикамро нобуд созад.
Ҷафъарӣ аз витамини С бой аст, он омосро бартараф намуда, обҳои зиёдатиро аз бадан берун месозад.
Бонувони азиз, шумо метавонед субҳи худро бо нӯшидани як пиёла лимучой оғоз кунед. Ба туфайли витамини С гардиши моддаҳо муътадил гардида, боиси нобуд шудани чарбу ва вазни зиёдатӣ мегардад.
– Ташаккур барои чунин суҳбати пурмуҳтаво ва маслиҳатҳои муфид.
Мусоҳиб
Нилуфар Раҳмонова
