Эй тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан,
Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан.
Фирдавс мақом бодат, эй Фирдавсӣ,
Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.
Заҳири Форёбӣ
Ҳақ ба ҷониби шоири тавоно, қасидасарои камназир Зоҳири Форёбӣ аст. Устод Абулқосим Фирдавсӣ, дар ҳақиқат, тозагари таърихи ориёинажодон ва мубаллиғи ганҷинаи сухани тоҷикӣ- форсӣ буд. Дар «Шоҳнома» дар баробари мардони диловар занони покизагавҳару садоқатпеша ва зиндагисоз ҳам тавсиф шудаанд. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки образи он занони хуҷистахисол намунаи ибрат барои модарону хоҳарони мо ҳастанд. Далели ин ихлосу эътиқод то имрӯз зинда будани номҳои неки қаҳрамонони «Шоҳнома» Таҳмина, Фарангис, Гурдофарид, Манижа, Нӯшофарин, Эрондухт, Рӯдоба ва дигарон аст.
Яке аз он модарони хушқадам, ҳумоюнхилқат ва фархундарӯзгор Фаронак – ҳамсари Отибин, модари Фаридун аст. Модари ҳамон Фаридуни фаррухе, ки насли одамизодро аз шарри Заҳҳоки аждаҳокирдор наҷот дод. Ҳамон Фаронаке, ки дилу чеҳрааш фарри руҳонӣ дошт ва иртиботи ногусастанӣ доштани фарзанди одамро бо Модар – Табиат нишон дод. Чун Заҳҳоки морбардӯш аз зода шудани Фаридун огоҳ гашт, мулозимонашро ба нобуд кардани ӯву падараш амр кард. Силоҳиёни Заҳҳок Отибинро куштанд. Фаронаки доғдида барои наҷот додани Фаридун ба кӯҳу беша рафт. Бо ҳамон садоқат ва фидокории камназир модарона ӯро дар ҷойи ҷонаш ҷой дода парвариш кард. Сарнавишт ин зани шӯрбахт ва тифли навзодашро бо чӯпоне дучор кард. Ин марди покпаймон Бармоя ном гови сеҳрнокро мепойид. Чӯпон се сол Фаридунро бо шири он гови хушранги муъҷизаосо парвариш кард. Ҷосусон аз қиссаи Фаронаку Фаридуну чӯпон ва Бармоя огоҳ шуда, ба Заҳҳок хабар доданд. Он шоҳи ҷодугар фармон дод, ки онҳоро дастгир карда, нобуд кунанд. Фаронак, – ин модари зиндагисоз ва садоқатманд он фарзанди дилбандашро ба Албурзкӯҳ оварда, ба марди порсое медиҳад ва ба ӯ мегӯяд.
– Эй некмард, ман зани мусибатзада ҳастам, шавҳарам – падари ин кӯдак қурбони морони Заҳҳок шуд ва акнун он золими хунхор бар қасди ҷони писарам афтодааст. Таваллуди писарам ва сарнавишти ӯро Суруш ба ман хабар дода буд. Фаридуни ман рӯзе пешвои халқ шуда, интиқоми ситамкашон ва кушташудагонро аз Заҳҳоки хунхор хоҳад гирифт. Ту Фаридуни маро ба ҷойи падар бош ва чун фарзанди худат тарбия карда, ба воя расон.
Марди порсо қабул кард ва тарбияи Фаридунро ба уҳда гирифт (Аз достонҳои «Шоҳнома»).
Хонандагони нуктасанҷ хуб медонанд, ки оқибат Фаридун ба тахти шоҳӣ менишинад ва Заҳҳоки моронро ба сазои аъмолаш мерасонад. Боз аз нав офтоби адолату озодӣ тулуъ мекунад ва халқи ранҷдида нафаси озод мекашад. Дар ин пирӯзии Фаридун нақши модари мушфиқ ва озодипарасташ Фаронаки Хушгил ниҳоят бузург аст.
Маҳз, дилсӯзӣ эҳтиёткорӣ ва дурандешии модараш Фаридунро пирӯз кард. Дар ин қиссаи ибратбахш нуктаи ҷолиб он аст, ки дастони модарон муъҷизаофар ва гиреҳкушоянд. «Шоҳнома»-и устод Абулқосим Фирдавсӣ санономаи чунин модарону бонувон аст. Фархундарӯзгор бонуе, ки «Шоҳнома»-ро ҳамсафари доимии худ меҳисобад.
Убайдулло Акрамзод
