14-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Актриса” пешкаши тамошобин гардид. Ин намоишро коргардон Қамариддин Мирзоев таҳия карда, нақши ягона ва асосиро ҳунарпешаи шинохта Зарина Бадалова иҷро мекунад.
Дар бораи намоиш
Моноспектакли “Актриса”-ро коргардон Қамариддин Мирзоев чанд сол қабл аз рӯйи асари нависандаи қазоқ Карина Шадимова таҳия карда буд. Ин моноспектал аз рӯзҳои аввал диққати ҳам мутахассисон, ҳам тамошобинон ва ҳам аҳли ҳунарро ҷалб намуд. Дар бораи он назарҳои мухталифро шунидаву хондаем, ки муваффақияти ин намоиш аст.
Намоиши мазкур соли 2018 дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Пространство юных» ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби 5 мукофот шудааст: 3 ҷоиза – “Беҳтарин кори коргардонӣ”, “Беҳтарин асари саҳнавӣ”, “Беҳтарин нақши занона” ва 2 дипломи махсуси аъзои ҳакамон ба актриса ва коргардони намоиш.
Вақте инсон ниқоб мепӯшад
Актриса дар оғози намоиш суол медиҳад: “Ман кӣ ҳастам? Осӣ, ё қиддис? Фаришта, ё Шайтон? Роҳиба, ё фасодкор?” Ва худ ба саволи худ посух мегӯяд: “Бале ман ҳама будам, вале ҳеҷ гоҳ худам набудам. Зеро ман актриса ҳастам!”. Намоиш ҳам дар бораи он аст, ки инсонҳо ҳамеша ниқоб мепӯшанд ва асли хешро пинҳон мекунанд.
Рӯзгори ин ҳунарпеша ҳам чунин аст. Ӯ дар зиндагӣ фоҷеаҳои бузургеро аз сар гузаронидааст ва ҳамагӣ 24-сол дорад, вале қалби ҳассосаш шикаста асту танаш бемор, бо вуҷуди ин руҳаш шикастнопазир аст. Ӯ дафтари хотироташро боз мекунад, ки рози дили дардмандашро бо он қисмат кунад ва ҳамчунин ба зиндагии хеш назар намояд. Эҳсос мекунад, ки зиндагиаш мисли рӯде равон асту вай дар канораш нишаста, онро тамошо мекунад ва хулоса мебарорад.
Намоиши “Актриса” аз рӯйи хатти сюжет аз се бахш иборат аст.
Дар бахши аввал ҳунарпеша аз рӯзгори талхи кӯдакӣ, танҳоӣ, падараш, ки оиларо раҳо кардааст, модараш, ки шавҳари нав мекунад ва ӯ соҳиби ду хоҳарча мешавад, бибиаш ки ӯро дӯст медошт ва кӯдакони маҳалла, ки озораш медоданд, нақл мекунад.
Хушбахтии воқеии “Актриса” замоне оғоз мешавад, ки ӯро ба театри мактабӣ мегиранд, ва ӯ нақшҳои нав ба навро бозӣ мекунад. Ӯ он замон, воқеан, хушбахт буд, вале вақте падари як духтари беҳунар, бо пул нақши асосии ӯро мегирад, вай дарк мекунад, ки: “Дар дунё ҳама чиз бо пул хариду фурӯш мешавад…”. Рози ниқоб пӯшидан ва бо ниқоб гаштан, асрори аз асли хеш дур шуда, бо гирудори замона созиш карданро ӯ ҳамон замон дарк мекунад.
Бахши дуюми намоиш даврони шубоб ва қиссаи ишқи актриса аст. Ӯ ба ҷавоне дил мебандаду ӯро девонавор дӯст медорад. Вале он ҷавон, бар ивази ишқи покаш ба номусаш дастдарозӣ мекунад. Вай ҳамон лаҳза хулоса мебарорад: “Ишқ дурӯғ аст!”. Вале бо вуҷуди ин, умедро аз даст намедиҳад.
Бахши сеюми намоиш талош барои зиндагист. Актриса рӯзе ба бемористон меафтад ва маълум мешавад, ки ба саратони мағзи сар гирифтор шудааст, бо вуҷуди он ки аз зиндагӣ дилшикаста аст, ангор ба зиндагӣ муҳаббат надорад, аз гирудори ҷаҳон хаста шудааст, вале бо шунидани хабари беморӣ, дар қалбаш меҳри зистан пайдо мешавад, девонавор мехоҳад зиндагӣ кунад. Бинобар ин, ӯ бо вуҷуди фоҷеаҳои бузург, нокомиву шикасту рехт ва бемории вазнин, ба рӯ ниқоб мекашад ва аз худкушӣ даст кашидаву мегӯяд: “Ман актриса ҳастам ва то он замоне, ки шумо бароям қарсак мезанед зиндагӣ мекунам!”
Достони зиндагии ин актриса бисёр риққатовар аст ва инсонро водор мекунад, ки аз сарнавишти хеш андеша бикунад.
Рамзу роз
Намоиши “Актриса” рамзу розҳои зиёде дорад. Коргардону рассом ва ҳунарпеша барои ба саҳна гузоштани он зиёд заҳмат кашидаанд. Аз оғози достон то ба охир ҳамбозиҳои актриса лӯхтакҳо ҳастанд, ки онҳоро дастӣ сохтаанд. Ин лӯхтакҳо ҳам нақш мебозанд. Яке падар асту яке модар, дигаре хоҳару, сеюмӣ бибӣ. Яъне, ин лӯхтакҳо муқаррарӣ нестанд. Ҳатто, ранги онҳо бесабаб интихоб нашудаанд, барои мисол, лӯхтаки падару падарандар рангашон зард аст, ки рамзи ғуссаву ҷудоист… Лӯхтакҳои дигар, ки беҷон дар қандилҳо кашоланд ҷомеаи мост, ки ба ғаму дарди касе шарик намешаванд ва дар бештарин мавридҳо бетарафиро пеша кардаанд. Актриса ҳар гоҳ онҳоро такон додан мехоҳад, вале ҳамоно берӯҳанд. Фарши дастибофти намоиш, ки рангоранг асту ба сони парвона сохта шудааст, саҳнаи зиндагист, ки ҳазорон ранг дорад ва шоҳиди ғаму шодиҳои мост. Яъне, дар ин намоиш ҳама чиз дар ҷойи худ аст. Интихоби мусиқӣ ҳам бо завқи вижа аст.
Албатта, дастоварди муҳимтарини ин намоиш бозии бисёр зебои актриса Зарина Бадалова аст. Ӯ тавонист, ки қаҳрамонашро дар ҳолатҳои гуногун, биофарад. Дар лаҳазоти кӯдакӣ бепарво даву тоз намояд, бо бибиаш барфбозӣ кунад, аз дугонаҳояш биранҷад, дар лаҳзаи ошиқӣ девонавор парвоз кунад ва дар лаҳзаи ғам бисӯзаду бирён шавад…
Дигар бурди актриса дар ин намоиш ҳамкорӣ бо толор аст. Ӯ ба тамошобинон савол медиҳад, посух мегирад, бо онҳо робита барқарор мекунад, аксҳояшро нишон медиҳад, ба онҳо ширинӣ мефурӯшад ва дар образи Чарли Чаплин бо тамошобинон ҳамбозӣ мешавад. Худ иҷрои олии образи Чаплин ва робита бо толор дастоварди беназири ин намоиш аст. Рақси пуршӯр, ки толорро ба ваҷд меорад, низ бурди намоиш мебошад.
Дар умум, “Актриса” яке аз дастовардҳои Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буда, иҷрои нақши «Актриса» марҳилаи муҳимми эҷодӣ барои ҳунарпеша Зарина Бадалова мебошад.
Дар бораи Зарина Бадалова
Зарина Бадалова зодаи шаҳри Душанбе аст. Мактаби №51-ро хатм карда, мехоҳад, ки ҳунарпеша шавад, вале хонаводааш зид мебароянд. Аз ин рӯ, ба коллеҷи тиббӣ ҳуҷҷат месупорад ва донишҷӯ мешавад. Аммо ҳамон сол аз таҳсил даст кашида, алорағми зиддияти хонавода соли 2007 донишҷӯйи шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, ба номи Мирзо Турсунзода мешавад. Дар замони донишҷӯӣ барои иҷрои нақш ба намоиши “Шаби дарозтар аз қарн”, ки устодаш Нозим Меликов ба саҳна мегузошт, даъват мешавад ва ҳамин тавр, сарнавишти хешро ба Театри ҷавонон мепайвандад. Давоми беш аз 15 соле, ки дар театр фаъолият мекунад, дар 20 намоиш нақш офаридааст. Аз ҷумла намоишҳои “Иштибоҳ”, “Имтиҳон”, “Пайроҳаи тақдир”, “Моҷаро дар Киоҷа”, “Гирдбод”, “Тарма”, “Сухани вопасини модар” ва ғайра. Дар филмҳо ҳам нақш бозидааст.
Ду маротиба дар ҷашнвораҳои театрӣ ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро дарёфт кардааст, ки барои ҳунарманди театр ин ҷоизаи муҳим ба ҳисоб меравад. Мо дар ин пайроҳаи ҳунар ба Зарина муваффақияту комёбиҳо орзу дорем.
О. Нозир
