16-уми феврали соли 2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба хотири гиромидошти санъати сарояндагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон — Муқаддас Набиева барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар барномаи мазкур ҳунармандон: Баҳодур Неъматов, Нигина Амонқулова, Луҳира Муъминова, Раҳима Шаллоэр, Дилором Қурбонова, Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг












