Бонувон дар меҳвари Паём

 

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромии кишвар ва тараққиёти босуръати Тоҷикистони азиз ироа гардид.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар қатори дахл намудан ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар оиди нақшу манзалати Зан-Модар махсус истода гузаштанд. Қайд карданд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.

Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат аз давраҳои аввали давлатдории хеш ба мавқеъ ва мақому манзалати зан диққати махсус додаву эҳтиром ва арҷ мегузоранд. Суханҳои самимиву роҳнамоиҳои ин абармарди таърихӣ худ нишони хушбахтиву сарбаландии кулли занони кишвар аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши духтарон, соҳибкасб намудани онҳо, огоҳ буданашон аз суннатҳои аҷдодиамон диққати махсус додаанд.

Президенти кишвар оиди саҳм ва хизмати бузургу шоёни занону бонувони кишварро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушду суботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ хеле назаррас ва бузург арзёбӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ дар самти дастгирии занону бонувон тамоми имкониятҳои заруриро меандешад.

Бояд қайд кард, ки занону бонувони шаҳри Исфара низ аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ ва неруву илҳоми тоза гирифтанд. Суханони ҳикматомӯзи Президенти кишвар моро вазифадор мекунад, ки минбаъд низ, фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ тарбия намоем.

Фараҳноз Исроилзода

мудири шуъбаи кор бо занон

ва оилаи МИҲД шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *