“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойиномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”
Эмомалӣ Раҳмон
Муаррифӣ
Полковник Раҳимбекзода Зебо Раҳимбек, сардори Шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1-уми январи соли 1977 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Хатмкунандаи омӯзишгоҳи тиббӣ ва факултети таърих ва ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2001 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунад.
Артиши миллӣ гарави устувории давлату кишвар буда, ҳамчун як сохтори боэътимоди мудофиавӣ ва таъминкунандаи амнияти миллӣ, сипари боэътимоди давлатдорӣ ва рамзи истиқлолӣ дар таърихи навини кишвари азизамон мебошад.
Барҳақ, ҳамасола 23-юми феврал ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон нақш ва мавқеи Артиши миллиро чунин баҳогузорӣ намудаанд:
“Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд”
Аз ин бармеояд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Артиш на танҳо ҷашни низомиён, балки ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон на танҳо ҷавонмардони ҷасуру далер ва обутобёфта, балки занону бонувон низ адои хизмат менамоянд. Чунин рисолати хеле масъулиятталаб – яъне саҳм гузоштан дар ҳифзи марзу буми кишвар ва ба дӯш гирифтани ин ҳама аз ҷониби занону бонувон бешубҳа намунаи олии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва сарсупурдагӣ ба Тоҷикистони азиз мебошад.
– Салому табрики кормандони маҷаллаи “Фирӯза”-ро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо рафиқ полковник ва ҳамаи ҳамхизматонатон мерасонам.
– Саломат бошед. Як ҷаҳон ташаккур.
– Барои Шумо ҳамчун зан хизмат дар сохторе, ки вазифааш ҳифзи марзу буми Ватан аст, душвор нест?
– Сараввал миннатдории самимонаи худро ба падару модарам, ки солиёни зиёд омӯзгор буданду аввалин дарси инсондӯстиву меҳанпарастиро дар қалби ман бедор намуданд, мерасонам. Бо ғамхориву дастгирии онҳо ман таҳсили илм намудаму соҳибкасб гаштам ва то ҳол, дар ҳама лаҳзаҳо, чӣ хизмати ҳарбӣ ва чӣ рӯзгордорӣ илҳомбахшу раҳнамоям ҳастанд. Маҳз, дуои волидонам буд, ки ман ба чунин мартабаҳо шарафёб гардидам.
Албатта, ҳар кор дар худ душвориҳо дорад. Хосатан, хизмат намудан дар Қувваҳои Мусаллаҳ барои Зан-Модар. Аммо бо мурури замон ва мутобиқ гаштан ба назму низоми хизмати ҳарбӣ душвориҳо бартараф мегарданд. Махсусан, агар инсон касбашро аз рӯйи меҳру муҳаббат интихоб намуда бошад, ҳама душвориҳову сангиниҳоро сарбаландона паси сар мекунад. Барои ман низ ҳамчун зан хизмат дар сафи Артиши миллӣ мояи баланди ифтихору сарфарозист ва аз интихоби ин пешаи пуршараф пушаймон нестам.
– Боиси хушнудист, ки рӯз то рӯз сафи бонувон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд. Ин тамоюлро Шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Бояд қайд намуд, ки имрӯз занону бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Имрӯз зани тоҷик роҳбар, низомӣ, ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, табиб, рӯзноманигор ва соҳиби даҳҳо касбу пешаи дигар аст ва дар қатори мардон кору фаъолият мекунад.
Албатта шумораи зиёди занҳо дар ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ, махсусан Вазорати мудофиа ва зерсохторҳои он хизмат менамоянд. Қисме аз онҳо вазифаҳои баланду пурмасъулро низ бар дӯш доранд. Омили зиёд гаштани занону бонувон дар сафи Артиши миллӣ, агар аз як тараф муҳаббати онҳо ба ин марзу бум бошад, аз ҷониби дигар натиҷаи таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа аст. Бовар дорам, ки дар оянда низ сафи гурдофаридони Ватан боз ҳам зиёд мешаваду мо дар қатори мардон барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми назарраси худро мегузорем.
– Шароити корию хидматие, ки барои хизматчиёни ҳарбии зан дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон муҳайё шудаанд, Шуморо қаноатманд мекунад?
– Шукронаи Истиқлолият, шукронаи тинҷиву ободи ин Ватани ободамон, ки бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон шароиту имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ хело хуб гаштааст ва бо заминаи моддиву техникии қавии низомӣ ва инфрасохтори замонавӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин, шароити зарурии иҷтимоию майишӣ барои зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси хушнудист, ки маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар қатори дигар мақомот ҳар сол зиёд мегардад, ки ин бешубҳа ба сатҳу сифати хизмати ҳарбӣ таъсири мусбат мерасонад. Албатта, ин ҳама ғамхориҳо ва фароҳам овардани шароитҳои лозима мо низомиён, махсусан занону бонувонро қаноатманд гардонидааст ва кӯшиш мекунем, ки бо хизматҳои содиқонаву софдилона самимияти худро ба ин Ватани биҳиштосо иброз намоем.
– То ҷойе хабар дорем, занон-хизматчиёни ҳарбӣ пайваста қадрдонӣ шуда, бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда мешаванд…
– Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоён ва назарраси занону бонувони Вазорати мудофиаро қадрдонӣ намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ 32 нафар занон – хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоии занону бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 79 нафар занон бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин карда шудаанд, ки дар қатори онҳо ман низ соҳиби хонаи истиқоматӣ гаштам. Он рӯзҳо яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазир дар зиндагии ман маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавам, ки давоми 31 соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар занон-хизматчиёни ҳарбӣ бо рутбаи ҳарбии “полковник” сарфароз карда шудаанд ва имрӯз дар ҳайати Вазорати мудофиа 16 нафари онҳо хизмати худро идома дода истодаанд.
– Ҳамчун зан-афсар барои иҷрои рисолати кадбонугӣ, умуман корҳое, ки хоси бонуи хонадон аст, вақти кофӣ доред?
– Шояд аксарият фикр кунанд, ки зан-хизматчии ҳарбӣ агар ҳунари кадбонугӣ ҳам дошта бошад, ба он вақт надорад. Ин комилан нодуруст аст. Зан, новобаста аз вазифаи ишғолнамудааш, ҳамсар аст, кадбону аст. Ман низ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки новобаста аз низомӣ буданам, дар хона кадбонуи хуб бошам. Агар инсон бихоҳад, барои ҳама кор вақт пайдо карда метавонад ва дар иҷрои ҳар амале муваффақ мегардад.
– Таманниёти Шумо ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза”, ки соли 93-юм аст, ки ҳамрози бонувони кишвар аст чист?
– Кулли хонандагони маҷалли “Фирӯза”, пеш аз ҳама модарон, бонувони азизро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ ва фарорасии Рӯзи модару ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик мегӯям. Барояшон пеш аз ҳама тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, саломатӣ, рӯзгори обод ва дар хонадони ҳар яки занҳо муҳаббату садоқатро орзумандам. Бигзор ҳамагон дилпур бошанд, ки мо занону бонувони низомӣ дар қатори родмардони ҳақиқии Ватан ҳастии худро ба он бахшидаем, ки ҳаёти орому осуда ва зиндагонии шоистаи мардумони Тоҷикистони азиз доимо пойдору таъмин бошад.
Муҳиддин Олимов
