
сардори шуъбаи кадрҳо
ва коргузории Прокуратураи ш. Душанбе,
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мардуми сарбаланди мо, бахусус барои мо бонувон, давраи саъйу кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи Истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Бузурге фармудааст: “Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд”.
Ин нуктаро мо дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар мавриди дастгирии занону бонувон ба хубӣ мушоҳида мекунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба арсаи сиёсат қадам ниҳоданашон ба рисолати созандаи мо занон боварии комил дошта, мақому манзалати Зан-Модарро дар ҷомеа баланд бардоштанд.
Пешвои миллат дар яке аз суҳбатҳояшон таъкид намуданд, ки “Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, барои ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад”.
Имруз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, ҳамшираи шафқат ва мураббии наслҳоро мебинад, ки ин мояи ифтихори мо бонувони тоҷик аст.
Тибқи фармони Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 зери унвони “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қонуну санадҳои меъёрӣ барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занону духтарон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ махсус зикр гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Президенти кишвар ба ирода ва масъулиятшиносии мо бонувони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд: “Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”.
Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди мо бонувон рисолати пурмасъулияти ватандориву ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳимми таърихӣ тақозо менамояд, ки мо бонувон бо тарбияи насли худогоҳу худшинос рисолати модарии худро дар назди Ватан содиқона адо намоем ва дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ пешгири кардани бегонапарстӣ, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем. Зеро мо модарон эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва хазинадори беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии миллати хеш мебошем.
