Сарчашмаи ҳаёт

Модар тасалло дар маъсумӣ, имдодгар дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, маслиҳатгару роҳнамо дар шебу фарози зиндагист.  Баракати хонадон аз обилаи дастон, меҳру эҳсон, лутфу самимият ва хайру саховати модар аст.

Модар аз оғози пайдоиши ҷаҳон бори масъулияти сангинро бар дӯш дорад. Ба дунё овардани фарзанд ва соҳибкамолу бомаърифат тарбия намудани ӯ қисми вазнинтарини масъулият аст, ки сохтори иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад.

Модар бо панду андарз, ашӯлаву афсона ва суруди аллаи хеш хазинадори забону тамаддун буда, кохи дурахшони ҳунар бунёд мекунад ва фарзандонро вазифадор месозад, ки ин ганҷинаи маънавии миллатро гиромӣ доранд.

Мегӯянд, ки агар бихоҳед бо тамаддуни миллат ошноӣ пайдо кунед, ба занони он миллат бингаред.

Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик тули таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, худшиносу ватанпарвар ва хирадманду созанда будааст. Ин рисолати муқаддаси худро модари тоҷик имрӯз низ бо иффату сарбаландӣ шарафмандона идома медиҳад.

Ба қавли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Зан — Модари тоҷик на танҳо чароғи хонадон, балки равшангари рӯзгор, нигини тоҷи миллат ва сарчашмаи зиндагию маърифати ҳаёт аст”.

Воқеан, самараи сиёсати Президенти мамлакат оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа буд, ки имрӯз зани соҳибмаълумоту соҳибҳунари тоҷик дар арсаи сиёсат ва корҳои созандагӣ пешоҳанг гардидааст. Бонувони донишманду болаёқат ба вазифаҳои давлатию роҳбарӣ ҷалб гардида бо фаъолияти пурсамар ва содиқонаи хеш эътимоди мардумро соҳиб гашта, дар сабқати интихобот дастболо мегарданд.

Таърих исбот кардааст, ки ҷомеа ҳамеша ба неруи созандаи Зан–Модар ниёзманд аст. Даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи занро дар ҷомеа устувортар сохт. Тадбирҳои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри беҳдошти саломатӣ, сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани маърифату маънавиёт ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи занон андешида шуданд.

Бонувони тоҷик на танҳо меҳвари меҳру назокат, лутфу самимият ва латофату садоқатанд, балки ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо масъулияти баланд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа мардонавор пайкор дошта, дар майдонҳои бузургтарини варзишӣ Парчамбардори Тоҷикистон буда, дар саҳнаҳои бузург ҳунару ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳо неруи тавонои беҳамтои созандаву бунёдкорӣ ва машъали пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Дар меҳвари ин кору пайкор  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи  онҳоро идома медиҳем».

Оре, дар рӯзгори ҷомеае, ки сатҳи дониш ва маърифати Зан-Модар баланд буда, ӯ соҳибэҳтиром аст, рушди он мамлакат ҳадафмандонаю мақсаднок амалӣ гашта, кафолати ояндаи дурахшонаш амиқ аст.

 

Мавҷуда Саидзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *