Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Сарнавишти забони тоҷикӣ
Ташаккули забони адабӣ дар ҳар як мамлакат ҳамчун як раванди бузурги ғановати бойгонии давлат маҳсуб мегардад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ мустаҳкамии пояи нигаҳдории забони адабии форсу тоҷик ҳамчун тимсоли ногусастание байни фарҳанг ва тамаддуни соҳибзабонон муаррифӣ шуда, давоми солҳои пурошӯбу давлатдории ҳукамо натавонистанд, ин забон ва таърихи пайдоиши онро аз байн бубаранд.
Ҳанӯз дар замони сулолаи шоҳ Исмоили Сомонӣ забони адабии форсу тоҷик ба мақоми забони давлатӣ шинохта шуда, тамоми адабиётҳои илмию таърихӣ, сиёсиву иҷтимоӣ бо ин забон ва хати арабиасос рӯйи сабт омада буданд. Гувоҳии ин гуфтаҳо асарҳои безаволи намояндагони илму адаби форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Шайх Абуалӣ Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Саноӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ба шумор мераванд.
Дар шинохти сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ нақши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” хеле барҷаста аст.
Дар ин нигошта, назаре ба ин китоби муҳимму арзишманд (китоби дуюм) хоҳем кард.
Маълумоти хронологӣ аз муҳтавои китоб:
Боби 1.
Забони тоҷикӣ ва санҷиши замон
Ин боб ба вазъи сиёсии ҳуҷуми муғул (асрҳои XIII) ва оқибатҳои он дар ҳаёти минбаъдаи тоҷикон бахшида шудааст. Дар таърих аввалин ҳуҷуми чингизиён дар талаби даҳ нафар тоҷирони ба шаҳри Утрор омада, сабаби ҷанг байни дастаи муғул ва давлати Хоразмшоҳиён гардид. Ҳуҷуми муғул ба солҳои 1219-1223 рост меояд, ки баъди панҷ моҳи муҳосира, Қалъаи Утрор ба дасти чингизиён гузашт. Сипас, дар натиҷаи ҷангҳои пурошӯб лашкари муғул шаҳрҳои асосии Осиёи Миёнаро ба монанди Бухорову Самарқанд, Гурганҷу Хуҷанд, Тирмизу Балх, Марву Ҳирот ва Балхро ба зери тасарруфи худ дароварданд. Забону адаби тоҷикӣ дар ин давра намояндагони илму адабро чун Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Насруддини Тусӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба саҳни адабиёт гирд овард.
Боби 2.
Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон
Дар ин боб доир ба масъалаи шабоҳат ва наздикии хусусиятҳои забонии мардуми ҳинд ва эронитабор, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш иқомат доштанд, маълумот дода мешавад. Сулолаи Ғазнавиён дар Ҳинд давлате асос гузоштаанд, ки забони расмии онҳо тоҷикӣ-форсӣ буд. Намояндагони ин давраи адабӣ Масъуди Саъди Салмон мебошад, ки зодаи Лоҳури Ҳиндустон буда, аз ӯ то даврони мо девони панҷгонаи ғазалиёташ боқӣ мондааст. Амир Ҳусрави Деҳлавӣ низ аз бузургтарин шоирони ҳавзаи адабиёти ин давра маҳсуб мегардад.
Боби 3.
Мақоми иҷтимоии забони тоҷикӣ дар асри XVI
Шикаст хӯрдани сулолаи Темуриён аз дасти Шайбонихон вазъи сиёсии ин давраро боз ҳам пуршӯртар гардонд. Сарзамини Бохтару Суғд ба дасти кашмакашиҳои Сафавиёну Шайбонихон монда буд. Охирин намояндаи Темуриён Бобур, ки ҳокими Самарқанд буд, аз дасти Шайбонихон кушта шуд. Сулолаи Шайбониён дар Самарқанду Бухоро, Ҳироту Балх қариб як аср ҳукмронӣ намуданд. Дараҷаи илму адаб бо намояндагии вазири донишманди сулолаи темуриён салтанати Ҳусайн Бойқаро, бо Алишер Навоӣ дар сафҳаи адабиёт нақши муҳим мебозад. Муносибату эҳтироми шогирд ба устод дар сифати Алишер Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ боиси ташаккул ва пешравии ҳавзаҳои адабии ин минтақа мегардад. Адибоне чун Камолиддин Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддини Восифӣ дар инкишофи адабиёти бадеӣ нақши муассире доштанд. Маркази мадании ин давра шаҳри Ҳирот шинохта шуда, тамоми адибону муаррихон, олимону ҳунармандонро ба ҳам ҷамъ меовард. Асарҳои таърихии ин давра «Музаккирулаҳбоб»-и Нисорӣ, «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир ба шумор мерафт.
Аз садаи асри XV-XVIII забони давлатӣ дар Ҳиндустон забони тоҷикӣ-форсӣ ҳисобида мешуд.
Боби 4.
Забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII
Дар давраи Аштархониҳо (сулолаи чингизиён) Бухоро ду марказ дошт, аввал шаҳри Бухоро, ки ҷойи иқомати хон буд ва дигар шаҳри Балх, ки он ҷо валиаҳад менишаст. Забони адабии тоҷикӣ бо намояндагии Сайидои Насафӣ, Халили Бухороӣ ва Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ аз зумраи ҳунармандон ва адибони соҳибкасб ба шумор мерафтанд.
Мирзо Абдулқодири Бедил бо сабки бедилӣ дар адабиёти ин давра шуҳрат пайдо кард. Мураккабию печидагии ифодаи афкор, истифодаи ташбеҳу истиора боз ҳам тасвиру тавсифи шеъри шоирро мубҳаму пурмазмунтар гардонд, ки дар солҳои баъдӣ алоқамандони ин навъи сабки шеърӣ афзунтар гашт.
Боби 5.
Забони тоҷикӣ дар асри XIX
Аз нимаи дуюми асри XVIII дар аморати Бухоро сулолаи манғитиҳо то инқилоби Бухоро дар соли 1920 зимоми ҳукмрониро ба дасти худ гирифтанд. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ яке аз намояндагони барҷастаи ин давраи адабӣ буда, дар густариши забони тоҷикӣ ҳиссаи худро гузоштааст. Дар асари «Савонеҳулмасолик» ба ҷойи истифодаи санъатҳои душвору мураккаби арабӣ, ба калимаву ибораҳои содаву оммафаҳми тоҷикӣ-форсӣ рӯ овардааст.
Боби 6.
Вазъияти забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон
Дар давраи шоҳигарии Қоҷориҳо ва ба тахт нишастани Насриддиншоҳ вазъи адабии Эрон ба оромиву осоиштагӣ рӯ овард. Густариши забони форсиро ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст: давраи аввал то ҳукмронии Қоҷориҳо ва давраи дуюм оғози ҳукмронии Насриддиншоҳ. Дар давраи аввал, ба саҳни адабиёт ворид гаштани донишномаҳои адабӣ ва ташаккули забони форсӣ сабаб шуд, дар давраи дуюм ба риштаҳои гуногуни илм, ҳикмат, калом, адабиёт ва санъат асарҳо офарида шуданд.
Боби 7.
Забони тоҷикӣ дар ибтидои асри XX
Дар ибтидои асри ХХ ғояҳои маорифпарварӣ боиси рушди забони адабии тоҷик ва густариши соданависӣ дар адабиёт гардид. Наздик намудани адабиёти бадеӣ ба забони халқ ва даст кашидан аз мураккаббаёнии ибораҳои арабӣ рӯйи кор омад. Равияи ҷадидизм дар адабиёт бо мақсади навгонӣ ва тозанависӣ ҳамчун ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ дар ҳаёти ҷомеа дар назар дошта шуда буд. Намояндагони ин ҷараён бо ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш дар Аморати Бухорои Шариф оғоз ёфта, то Абдурауф Фитрат, Садриддин Айнӣ ва Турақул Зеҳнӣ идома ёфтаанд. Ин шахсиятҳои шинохтаи адабиёт ба ташаккулу пешрафти забони адабии тоҷик ва фаъолияти мактабҳои нав хидматҳои намоён кардаанд.
Манбаъи муҳимму арзишманд
Дар фароварди сухан доир ба мураттабсозии китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» илова кардан ба маврид аст, ки ҳамчун як маъхаз, сарчашмаи илмӣ-адабӣ дар густариши забони адабии тоҷик аз замони ҳукмронии чингизиён то давраи Инқилоби Октябр дар Бухорои шариф, соли 1920 барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассале медиҳад.
Китоб аз вазъи сиёсии давраҳои таърихӣ дар ҳавзаҳои адабии Ҳироту Ҳиндустон, Бухорову Самарқанд ва Балху Хуросон бо намояндагии адибону шуарои форсу тоҷик ва асарҳои безаволи онҳо доир ба таҳавуллоти забони адабии тоҷик, хусусиятҳои услубии забон ва истифодаи калимаву ибораҳои халқӣ маълумоти саҳеҳу возеҳкунанда дода, бо тағйиру инкишофи куллии худ то ба забони адабии муосири тоҷик омада расидааст.
Ҳафиза Бобоҷонова
омӯзгори филиали ДҶТИБКСМ
дар шаҳри Душанбе
