Сада – муждаи Наврӯз

Имрӯзҳо бо шарофати даъвату ҳидояти Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ойину суннатҳои миллӣ басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа он боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хоса насли наврас мегардад.

Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодонамон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих оғоз мегирад. Шоири асри ХV Унсурии Балхӣ мефармояд:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Доғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. Чуноне фармудаанд:

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилати кораш ба тироз.

Инчунин дар аксари сарчашмаҳои таърихию адабӣ оварда шудааст, ки ҷашни Сада бештар ба рақами сад марбут мебошад.

Бо назардошти ин ҳангоми баргузории ҷашни Сада миёни мардум ашъоре хонда мешуд: “Сада сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз” Воқеан, ин дуруст аст, ки аз ибтидои ҷашни Сада то пухта расидани ғалла дар баъзе аз водиҳои Тоҷикистон 100 рӯз ва то ба ҷашни Наврӯз панҷоҳ рӯз рост меояд.

Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамаддуни ба­шарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳра­ҳо бурдааст. Новобаста аз гирудорҳои сиёсию иқ­тисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.

Иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардонидани пешқадамон ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ мебошад.

Дар ин давра, кишоварзон дар соҳаи растанипарва­рӣ ҳамаи захираҳои тухмии зироатҳоро аз назар гузаронида, техника ва мошинолоти кишоварзиро ба кишт омода менамоянд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, онро шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарму нурӣ ворид менамоянд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхобмонӣ мегузаронанд.

Чорводорон бошанд тамоми омодагиҳоро барои нигоҳбину пурбаҳо хуронидани чорво, гирифтани насли солим ва парвариши он равона месозанд.

Олимону омӯзгорон дар ин давра дар асоси таҳли­ли истеҳсолоти кишоварзӣ семинар – омӯзишҳо бо мутахассисону деҳқонон баргузор намуда, онҳоро барои самаранок истифода намудани обу замин ва гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Тамаддуни илмӣ идҳои сегонаи кишоварзонро аз ҷашнҳое медонад, ки бо худ покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ инсониятро хавфи норасоии ғизо бештар таҳдид менамояд, Бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои ҳар як кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб карда, аз ҳадафҳои асосӣ қарор гирифтааст.

Олимони соҳаи кишоварзӣ якҷоя бо кишоварзон, татбиқкунандагони ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин масъулият моро водор месозад, ки дар ин роҳ чораҳои мушаххас андешем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар бахши кишоварзӣ дар амал татбиқ намоем.

 

Ёқубҷони Пирмуҳаммадзода

корманди МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *